Поделиться в facebook
Facebook
Поделиться в twitter
Twitter
Поделиться в linkedin
LinkedIn
Поделиться в print
Распечать

Муҳосиби минтақавӣ дар Лоиҳаи Рушди Ҷомеаи «Рашт»

Санаи охирини қабули дархостҳо :23.09.2021 сол
Таҷрибаи корӣ:Аз 2 сол зиёдтар
Макон:Ноҳияи Рашт
Намуди муносибатҳои меҳнатӣ :Шартномаи хизматрасонӣ

Good Neighbors яке аз бузургтарин фондҳои хайрияи Ҷумҳурии Корея мебошад, ки соли 1991 таъсис ёфтааст. Дар айни замон, он дар 48 давлати ҷаҳон фаъол аст ва беш аз 200 лоиҳа дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, об ва санитария ва барномаҳои оиди ба даст овардани даромад амалӣ мекунанд. Ташкилоти Good Neighbors аз соли 1998 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар Ҷумҳурӣ панҷ лоиҳаи рушди ҷомеа дорад.

Ба вазифаи муҳосиби минтақавӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. Баҳисобгирии молиявӣ, ҳисобот ва назорат:
  2. Мусоидат намудан дар таъмини системаҳои баҳисобгирӣ, сиёсат, назорати дохилӣ ва тартиботи зуд барои ҷамъоварии маълумоти молиявӣ, дақиқ ва саривақтӣ (масалан: буҷаҳо, таҳлилҳо, хароҷот, ӯҳдадориҳо, музди меҳнат ва ғайра);
  3. Кӯмак ва маслиҳат ба мутахассиси молия ва координатори ЛРҶ дар идоракунии гардиши пули нақд бо мақсади таъмини саривақт ва бехатари интиқоли маблағҳо барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти барнома, робита бо бонкдорони маҳаллӣ ва таъмин кардани санҷиш ва тавозунҳои зарурӣ барои таъмини сарфакорона ва самарабахшии пул мувофиқи талаботҳои донор;
  4. Ҳамкорӣ бо мутахассиси молиявӣ ва ассистент дар таҳия ва навиштани ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа ва солона.
  • Идоракунии музди меҳнат:
  • Пардохти маош ва дигар намуди пардохтҳои кормандон тибқи талаботи GNT  ва донорҳо ба роҳ бояд монд;
  • Баҳисобгирии варақаи музди меҳнат ва варақаҳои ҳисобот;
  • Тақсимоти дурусти андозҳо ва дигар пардохтҳои қонуниро таъмин намудан, то ин ки ба ҳисобҳои музди меҳнат ва андозҳо пардохт шаванд;
  • Банақшагирии молиявӣ ва буҷет:
  • Ҳисоботи молиявӣ ва буҷетро барои маблағгузор омода намуда, барои санҷиш ба мутахассиси молиявӣ фиристодан;

Талаботҳои тахассусӣ:

  • Маълумоти олии молиявӣ, баҳисобгирӣ ё дигар соҳаҳои марбут;
  • Дар шакли хаттӣ ва гуфтугӯӣ хуб донистани забони англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ.
  • Донистани барномаҳои MS Office, MS EXCEL, таҷрибаи кор бо бастаҳои барномаи  молиявӣ;
  • Донистани барномаи QuickBook афзалият мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд Анкетаи GNT-ро пур намуда GNT-Application-Form на дертар аз  23.09.2020 сол ба почтаи элетронии gnt.humanresources@gmail.com ва gnt.arina@gmail.com равона кунанд.

Анкетаи GNT –ро барои дархости кор, метавонед аз Ташкилоти Good Neighbors Tajikistan дар ноҳияи Рашт аз суроғаи зерин дастрас кунед: – Ҷамоати Боқи Раҳимзода, Буни Сафиён  – ЛРҶ “Рашт”

Маълумоти бештарро Шумо метавонед дар сомонаи мо дарёфт намоед:www.goodneighbors.orgwww.goodneighbors.tjhttps://www.facebook.com/gntajikistan/

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.