Поделиться в facebook
Facebook
Поделиться в twitter
Twitter
Поделиться в linkedin
LinkedIn
Поделиться в print
Распечать

Интихоби тренер барои омузиши Энергияи барқароршаванда ва таъҷизотҳои энергияи барқароршаванда (энергияи сабз),

Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Фонди Оғохон оид ба рушди деҳот, ки дар чахор минтақаҳои Тоҷикистон кору фаъолият карда зиеда аз 1,600 деҳа/маҳалла – ро дар бар мегирад. БҶИИМК аз тарафи маблағгузорони гуногун дастгирӣ ёфта, дар самти беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар деҳоти Точикистон тавассути равнақ додани i) идоракунии самараноки муштарак ба воситаи рушди институтсионалии ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ii) интенсификатсияи пойдори соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии замин, iii) хизматрасониҳои беҳшуда ва густаришёфтаи ҷамъиятӣ ва iv) хизматрасониҳои хусусӣ барои рушди иҷтимоӣ-иктисодӣ, мухити зист ва экология, саҳмгузорӣ намуда истодааст.

 

“Таъсири Маҳаллӣ” ин иқдоми муштараки Фонди Оғохон ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Рушди Байналхалқӣ мебошад. Ин иқдом як чорчуби инноватсионӣ барои таъсиригузорӣ дар саросари Осиё ва Африқо мебошад, ки ҷомеаҳои маҳаллиро дар маркази рушд қарор медиҳад. Ҳадафи лоиҳа дар Тоҷикистон аз баланд бардоштани эътимоди аҳоли ба занон, мардон, духтарон, писарон ва ҷомеаҳои онҳо мебошад. Барнома дар ҳамкории зич бо сохторҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамоатҳои канормонада ва осебпазир ба хотири 1) рушди шомили иқтисодӣ (2) беҳтар намудани инфрасохтор ва дастрасӣ ба хидматҳои аввала ба мисоли энергияи таҷдидшаванда, (3) баланд бардоштани зарфияти шаҳрвандон ва муассисаҳои маҳаллӣ; ва (4) мусоидат ба гуногунандешӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ фаъолият менамояд.

 

Дар доираи лоиҳаи “Таъсири Маҳаллӣ” БҶИИМК омӯзиши кӯмаки техникӣ барои соҳибкорони корхонаҳое, ки барқро бисёр сарф мекунанд дар ш. Хоруғ дар мавзӯьҳои зерини қайдшуда ташкил менамояд. Мақсади асосии ин омӯзиш, баланд бардоштани сатҳи дониши соҳиби корхонаҳои ш. Хоруғ оиди таҷҳизотҳои энергияи барқароршаванда  ва самаранокии онҳо дар рафти пешбарии тиҷорат ва савдо мебошад. Инчунин дар рафти омӯзиш аз тарафи тренерон бояд намоиши таҷҳизотҳои энергияи барқароршаванда ва таъсиру фоидаи онҳо гузаронида шавад. Дар доираи ин омӯзиш, БҶИИМК тренерон ва ё мушовирони инфиродиро барои иштирок дар озмуни кушод оиди энергияи барқароршаванда  ва таъҷизотҳои энергияи барқароршаванда (энергияи сабз) дар сатҳи тиҷорат ва соҳибкорӣ даъват менамояд. Энергияи барқароршаванда  ва таъҷизотҳои энергияи барқароршаванда (энергияи сабз), ки дар савдои хурд аз ҷумла дар тарабхонаҳо, сехи қаннодӣ, сехи дузандагӣ, ҳаммом ва корнаҳои хурди истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ ва ҷувоз (мебель) истофода карда мешаванд, фаҳмондадиҳӣ ва намоиш пешкаши иштирокчиён мегардад.  Омӯзиш як руза буда, аз ду қисм иборат мешавад: қисми якуми рӯзи омӯзиш барои фаҳмондадиҳии мавзӯҳои ассосӣ ва нимаи рузи дигари омӯзиш барои намоиши таъҷизотҳои энергияи барқароршаванда (энергияи сабз) ҷудо карда шудааст.

 

Номгӯйи хизматрасонӣ/кор (мавзӯъи омӯзиш) Миқдори рӯзҳои омӯзиш Макони гузаронидан
  1.       Мавзӯҳои ассосӣ

·        Энергияи сабз

·        Истифодаи самараноки захираҳои табиӣ

·        Роҳҳои алтернативии истеҳсоли энергия

·        Аҳамияти кам кардани партоби газҳои карбонӣ дар корхонаҳо

·        Паст кардани хароҷот дар тиҷорат, тавассути истифодаи дастгоҳҳои каммасраф

·        Ивази таъҷизотҳои муқаррарӣ бо технологияи сабз асоосан дар савдои хурди боло зикришуда

2.       Намоиши таъчизотҳои энергияи барқароршаванда (энергияи сабз)

1 ВМКБ, Хоруғ

 

Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:

  • Маълумоти олӣ дар доираи мавзӯъҳои боло зикришуда;
  • Омӯзгор бояд бо истеҳсоли технологияи сабз таҷриба дошта бошад ва ё фурӯшандаи технологияи сабз бошад
  • Малака ва таҷрибаи хуб дар самти роҳҳои алтернативии истеҳсоли энергия;
  • Таҷрибаи ҳадди аққали 2-сол дар соҳаи энергияи сабз;
  • Таҷриба дар гузаронидани тренингҳо ва сессияҳо оид ба мазуьхои номбаршуда (дастурот, роҳнамо, модулҳо);
  • Донистани забони тоҷикӣ.

 

Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба роҳбари лоиҳа дар ш. Хоруғ Алимард Шерамардов  (е-mail: alimard.sheramardov@akdn.org) телефон: 93 579 19 96 муроҷиат намоед.

 

       Ҳар як довталаб метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар лифофаҳои коғазини  маҳкам (мӯҳр) кардашуда, то санаи муқарраргардида ба дафтари кории БҶИИМК дар ш. Хоруғ к. Ленин 62 ба шахси зерин пешкаш намоянд:

ш.Хоруғ: Миралибеков Нусратулло, телефон: 93 885 89 89, е-mail: nusratullo.miralibekov@akdn.org

 

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

  • Мактуби таваҷҷӯҳ;
  • Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи ҳаққи хизмат барои гузаронидани як омӯзиш ва таҳияи  воситаю усулҳои такомули маҳоратҳо;
  • Маълумот дар бораи шартҳо, мӯҳлат ва шакли пардохт;
  • Мӯҳлати иҷрои хизматрасонии дархостшуда;
  • Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
  • Ҳолномаи (CV) – и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
  • Маълумот дар бораи мавҷудияти таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо/тренинг ва таҳияи маводҳои таълимӣ;
  • Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (дипломи маълумоти олӣ,  шаҳодатномаи омӯзишҳо).

 

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо : 25-уми Июни соли 2021 мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

 

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни озмуни кушода  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

 

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.