Good Neighbors International in Tajikistan

Тренерон барои лоиҳаи “аъмини саломатии модару кӯдак ва банақшагирии инфиродии оила дар Тоҷикистон “

Шуъбаи Ташкилоти «Good Neighbors International» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани омӯзиши дуруза оиди «Таъмини саломатии модару кудак ва банақшагирии инфиродии оила дар Тоҷикистон» барои кормандони тибби  ш. Норак, Турсунзода, Ғисор ва н. Шаҳринав  Тренеронро даъват менамояд.

Охирин муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо:  08- феврали соли 2023
Ҷои кор: ш. Норак, Турсунзода, Ғисор ва н. Шаҳринав
Намуди вазифа: Тренер
Намуди шартнома: Шартномаи муваққатии барои пешкаши хизматрасонӣ
Муҳлати шартнома: 10 руз дар моҳҳои  феврал-марти соли 2023.  

«Good Neighbors International» созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда,  соли 1991 дар Корея таъсис ёфтааст. «Good Neighbors International» дар 44 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Шуъбаи ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи «Good Nieghbors International» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 дар Тоҷикистон фаъолият намуда, ба аҳолии осебпазир, махсусан кудакони сарпараст тавассути таъмини ғизо, маводи ниёзи аввалия, либосу пойафзол, ашёи гигиенӣ, лавозимоти хониш, ташкили муоинаи тиббӣ ва табобати онҳо кумак мерасонад. Мақсади ташкилот таъмин намудани шароити фароҳам барои ба воя расидани кудакон мебошад.

Шуъбаи ташкилоти “Good Neighbors International” ҳамчун иҷрокунанда лоиҳаи “Таъмини саломатии модару кудак ва банақшагирии инфиродии оила дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналхалқии Олмон (Gesellschaft für internationale Zusammenarbeit) маблағгузорӣ шудааст, интихоб шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи зикргардида баланд бардоштани сатҳи огоҳии занон ва мардони синни репродуктивӣ дар бораи банақшагирии оила мебошад. Сабаби воридсозии лоиҳа дар он аст, ки мувофиқи тадқиқоти соли 2017 танҳо 29% занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маводҳои муосири банаќшагирии инфиродии оила истифода мебаранд, ки нисбат ба баъзе кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Гурҷистон (40%), Қазоқистон (50%), Қирғизистон (40%) ва Туркманистон (48%) нисбатан паст аст. Амалисозии лоиҳа дар ҷамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ба наќша гирифта шудааст.  Лоиҳаи мазкур дар 300 деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои ҳадафии зерин дар давоми соли 2023 (12 моҳ) татбиқ хоҳад шуд: Турсунзода, Ғисор, Норак ва Шаҳринав.

Дар доираи амалисозии лоиҳа омўзиши 300 нафар кормандони миёнаи тибби деҳаҳои ҳадафӣ, 1200 аъзоёни кумитаҳои маҳаллаҳо, 7000 занони қобили таваллуд, 2000 мардони синни репродуктивӣ, 30 сафарҳои табодули таҷриба дар сатҳи ҷамоату ноҳияҳо, дар умум баланд бардоштани сатҳи дониши 20000 аҳолӣ ба воситаи васоити ахбори омма ба наќша гирифта шудааст.

Good Neighbors International айни замон 6 нафар тренерони ботаҷрибаро барои таҳияи модули омӯзишӣ ва гузаронидани чаҳор дарсҳои 2-рӯза (ҳар гуруҳ иборат аз 2 тренерон) оид ба банаќқшагирии оила ва истифодаи маводҳои контрасептивӣбарои омӯзонидани кормандони тиббии муассиаҳои КАТС дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафӣмеҷӯяд. Номзадҳои ҳавасманд бояд ба маълумотҳои дар зер зикршуда ҷавобгӯ буда, нусхаи аризаи Good Neighbors International дар Тоҷикистон пур кунанд, нусхаи хуҷҷатҳое, ки тахассус ва малакаҳои мувофиқ, таҷриба ва салоҳияти марбут ба вазифа ва тавсияномаҳоро пешниход намоянд. 

Талабот ба ихтисос:

  1. Дараҷаи илмии номзади илми тиб ва ё маълумоти олӣбо таљрибаи на камтар аз 5 сол дар омўзонидани кормандони тиб оиди банақшагирии оила.
  2. Таҷрибаи омодасозии модулҳои омузишӣ.
  3. Дониши қавӣ ва таљҷрибаи амалӣ оид ба банақшагирии оила ва истифодаи маводҳои контрасептивӣ.
  4. Дорои малакаҳои хуби муоширатӣ ва малакаи омузиши калонсолон.
  5. Малакаи хуби кор бо компютер, бо истифодаи барномаҳои MS Office, Power Point
  6. Донистани забонҳои тоҷикӣ ҳатмист, забони ӯзбекӣ ва русӣ афзалият доранд.

Нафарони хоҳишманд метавонанд хулосаи таҷрибаи кории худро дар формати (Aнкета) ташкилоти Good Neighbors International дар Тоҷикистон, ки замима шудааст GNT-Application-Form,  ба суроғаи электронии ташкилот gnt.humanresources@gmail.com ва arina.nam@goodneighbors.org  то санаи 08 феврали соли 2023 сол пешниҳод намоянд.

Маълумоти иловагиро оид ба ташкилот метавонед аз сайтҳои зерин дастрас намоед:

www.goodneighbors.org

www.goodneighbors.tj

https://www.facebook.com/gntajikistan/

https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/

https://www.linkedin.com/company/15834558/

One Comment

  1. Матлюба

    Гиссар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.