MSDSP

Тренер-Агроном

ЭЪЛОНИ ОЗМУН  БАРОИ  ИНТИХОБИ ТРЕНЕР

      Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  дар чаҳорчӯбаи  лоиҳаи “Дастгирии воситаҳои ҳамгироишуда”, ки аз тарафи сафорати Шоҳигарии Нидерландия маблағгузори шудааст барои дарёфти тренер барои таҳия намудани  маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо барои Гуруххои Истехсолӣ (ГИ) нохияихои Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  озмун эълон менамояд, ки мавзуъҳо ва таснифоти онҳо дар поён зикр гардидааст:

 

Номгӯйи хизматрасонӣ/кор (мавзӯъи омӯзишҳо) Миқдори рӯзҳои омӯзиш Макони гузаронидан
 

1

Таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо дар мавзӯъи  “Технологияи муосир марбут ба парвариши картошка”. Мавзӯъ масъала ва зермавзӯъҳои зеринро  дар бар мегирад:

 

1.       Усули  обмонии картошка

2.       Технологияи истифодабарии нуриҳои минералӣ ва органикӣ;

3.       Равиши интегратсионии мубориза бар  зидди ҳашаротҳо ва касалииҳои зарарасони картошка;

4.      Ҳосилғундорӣ ва технологияи нигахдории тухмӣ  дар анборхона ва сардхона.

ҳамагӣ 2 руз (як рӯзӣ дар ду макон) ВМКБ   (ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа)

 

Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:

  • Маълумоти олӣ дар самти кишоварзӣ, доштани унвони илмӣ афзалият хоҳад дошт;
  • Малака ва таҷрибаи хуб дар самти коркарду таҳияи мавод (дастурот, роҳнамо, модулҳо)-и омӯзишӣ;
  • Ҳадди аққал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таҷриба дар самти гузаронидани тренингҳо ва омӯзишҳо;
  • Доштани малакаи аълои навиштан, хондан ва гап задан бо забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

 

Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба роҳбари лоиҳа дар ш. Душанбе   Хуҷаназарова Бибимисри (е-mail: bibimisri.khujanazarova@akdn.org. Телефон (93 699-25-19) муроҷиат намоед.

Ҳар як хоҳишманд метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар лифофаҳои коғазини  маҳкам (мӯҳр) кардашуда ва ё тариқи электронӣ бо шарти  маҳкам будани пешниҳоди тиҷоратӣ бо рамз, то санаи муқарраргардида  ба офисҳои БҶИИМК дар ш. Душанбе дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4 ба шахси дар поён нишон додашуда пешкаш намоянд.

Қудратов Улфатшо, телефон: +992 37 224 76 50, е-mail: ulfatsho.qudratov@akdn.org

 

Офиси минтақавӣ дар ш. Хоруғ дар суроғаи кучаи Ленин 62, бинои БЧИИМК ошёнаи 3  ба шахси дар поён нишон додашуда пешкаш намоянд.

Шахси масъул барои пешниҳоду қабули  ҳуҷҷатҳои озмун:

Рустамбекова Анзура, телефон: 93 5667176, е-mail: anzura.rustambekova@akdn.org

 

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

  • Мактуби таваҷҷӯҳӣ;
  • Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи хароҷотҳо барои гузаронидани як омӯзиш ва маблағ барои таҳияи воситаҳо ва усулҳои такомули маҳоратҳо; (бо нишон додани мавзуъи омузиш)
  • Маълумот дар бораи шартҳо ва шакли пардохт;
  • Мӯҳлати иҷрои хизматрасонии  дархостшуда;
  • Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
  • Ҳолномаи (CV) – и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
  • Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (сертификати гузаронидани омӯзишҳо, дипломи маълумоти олӣ).

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 15-уми июли соли 2022 то соати 17.00  мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

 

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  10.00 санаи 18-уми июли соли 2022 ба дафтари кории БҶИИИМК  ба суроғаи  ш. Душанбе дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4 ва ш. Хоруғ , кучаи Ленин 62,   барои иштирок дар раванди кушодани  лифофаҳо бо пешниҳодоти тиҷоратии довталабон,  даъват карда мешаванд. Иштирокчиён метавонанд, ки онлайн тариқи Skype низ дар раванди кушодани лифофаҳо иштирок намоянд.

 

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.