Ба диққати соҳибкорон ва ташкилотҳои тиҷоратӣ.
ТҶ Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа», таҳти лоиҳаи IRDP/TRIGGER – Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/Дастгирии рушди иқтисодии деҳот, бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ, барои таҷҳизот тендер эълон менамояд:
№ | Номгӯй | Миқдор | Тавсиф |
1. | Трактори тамғаи “YTO-504” | 1 дона | 36.8 (50)/2200 |
2. | Трактори тамғаи “LUZHONG –TB 604 ” | 1 дона | 44.1 kw |
3. | Автомашинаи боркаши тамғаи «Hyundai Porter II» | 1 дона | 2,47 L/л |
Маъракаи интихоби таҳвилгари маводи номбаршуда, чунин мебошад:
- Соҳибкорони инфиродӣ, ё ташкилотҳои тиҷоратие, ки суратҳисоби бонкӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ (патент, шаҳодатнома, мӯҳр ва тасдиқи набудани қарз назди нозироти андоз), доранд;
- Ҷавобгӯ ба сифати баланд.
Соҳибкорони хоҳишманд метавонанд пешниҳоди тиҷоратиро то санаи 30-уми январи соли 2023, соати 17:00, ба суроғаи: ш.Хуҷанд, кӯчаи Р. Ҳочиев, хонаи 27, дар лифофаи пӯшида, бо мӯҳр (запечатанный конверт с печатью), бо навиштаҷоти «Барои иштирок дар тендер», дастрас намоянд.
Суроға барои тамос ва саволҳо: почтаи электронӣ: aws95@mail.ru;
Телефон: +992 (83422) 6-01-27;