Representative Office Abt Associates inc/USAID "Local Health Systems Sustainability Project" (LHSS) in Tajikistan

Таъминоти нармафрози 1с барои марказҳои иммунопрофилактика дар вилояти Хатлон

Намояндагии Корпоратсияи Абт Ассосиэйтс инк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи USAID «Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ» (LHSS/COVID-19) дар Тоҷикистон

 

 

ш. Душанбе                                                                                                   24 июни соли 2022

 

 

Ба ташкилотҳои лозима

 

Лоиҳаи ЮСАИД «Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ», ки аз ҷониби Намояндагии корпоратсияи Абт Ассосиэйтс инк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад, ҳамзамон чунин иттилоъ медиҳад, ки мутобиқи нақшаи кории лоиҳа чорабинӣ оид ба дастгирӣ намудани соҳаи иммунопрофилактикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи рӯйхати идоракунии занҷираи таъминоти стандартизатсияшуда (тариқи барномаи компютерии 1С), ки барои назорати таъминоти ваксинаҳои бар зидди  Ковид-19 зарур мебошад ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи чорабинии мазкур насб ва идоракунии нармафзори 1С (тандурустӣ) барои идоракунии занҷираи таъминот барои ваксинаҳо ва маводҳои тазриқотии марказҳои иммунопрофилактика ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар компютерҳо ба нақша гирифта шудааст. Тибқи тартиботи дохилии лоиҳа ва интихоби хизматрасони мувофиқ ва таҷрибавӣ бояд озмӯни интихоби хизматрасон амалӣ карда шавад.

Аз ин лиҳоз, доир ба баррасии нархномаи хизматрасониҳо Шуморо барои пешниҳоди нархнома (пешниҳоди тиҷоратӣ) тибқи шартҳои техникӣ (ба эълони мазкур замима карда мешавад) ва дигар ҳуҷҷатҳои лозима (шаҳодатномаи қайди давлатӣ, РЯМ, Иқтибос, маълумоти бонкӣ, тавсияномаҳо) то санаи 10.07.2022 ба почтаи электронӣ: suhrob_dodojonov@abtassoc.com ва нусха ба dilovar_mirrahmatov@abtassoc.com даъват менамоем.

 

 

Шартҳои техникӣ замима мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.