ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР
(дастрас кардани тухмии картошка, гандум, нуриҳои мениралӣ)
Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон бо маблағгузории Агенти ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи амалисозии лоиҳаи “Таъсири маҳалли” ва чаҳорчубаи барномаи “Беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, эҷоди фазо ва устувории иқтисодии кишоварзӣ дар минтақаҳои кӯҳии дорои камчинии ғизоӣ дар вилояти ВМКБ” дар нохияҳои Шуғнон, Рушон, Роштқалъа ва Ишкошими вилояти ВМКБ, ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок дар тендер барои харидорӣ ва дастраскунии тухмии картошка, гандум, нуриҳои минералӣ даъват менамояд. Молу маводҳо аз рӯйи хусусият ва номгуй ба лотҳои зерин тақсим шудаанд:
Лоти 1: Харидорӣ ва дастраскунии тухмии картошка ва тарозу.
№ п/п |
Номгӯи тухми/ маводҳо |
Таснифоти тухмӣ/маводҳо |
Воҳ.ченак |
Миқдор |
Макони дастраскунӣ аз руи ноҳияҳо, кг/адад |
||||
н. Шуғнон ва ш. Хоруғ |
ноҳияи Рушон |
ноҳияи Роштқалъа |
ноҳияи Ишкошим |
|
|||||
1 |
Картошка |
Навъ: Алладин, вазни лундаҳо 60 – 65 грамм, дар турхалтаҳо бастубанд карда шудааст. |
кг |
33 000 |
9000 |
8000 |
8000
|
8000
|
|
2 |
Тарозу |
Барқӣ, электронӣ тавоноии Боркашиаш 200 кг, системаи қувватгирӣ АС 220 В. |
адад |
8 |
2 |
2 |
2
|
2
|
|
Лоти 2: Харидорӣ ва дастраскунии тухмии гандум
№ п/п |
Номгуи тухмиҳо |
Таснифоти тухмиҳо |
Воҳ.ченак |
Миқдор |
Макони дастраскунӣ аз руи ноҳияҳо, кг |
|||
ноҳияи Шуғнон |
ноҳияи Рушон |
ноҳияи Роштқалъа |
ноҳияи Ишкошим |
|||||
1 |
Тухмии гандуми баҳорӣ |
Навъ: “Сафедаки Ишкошим” маҳаллӣ, бо заҳрдорӯи Раксил коркард кардашуда, дар халтаҳо бо вазни 50 кг бастубанд карда шуда. |
кг |
3750 |
1125 |
0 |
1125 |
1500 |
2 |
Тухмии гандуми баҳорӣ |
Навъ: “Сафедаки Бартанги” маҳаллӣ , бо заҳрдорӯи Раксил коркард кардашуда, дар халтаҳо бо вазни 50 кг бастубанд карда шуда. |
кг |
1125 |
0 |
1125 |
0 |
0 |
3 |
Гандуми тухмии тирамоӣ |
Навъ: “Булудон “, маҳаллӣ, бо заҳрдорӯи Раксил коркард кардашуда, дар халтаҳо бо вазни 50 кг бастубанд карда шуда. |
кг |
1125 |
375 |
375 |
375 |
0 |
Лоти 3: Харидорӣ ва дастраскунии нуриҳои минералӣ
№ п/п |
Номгуи нуриҳо |
Таснифоти нуриҳо |
Воҳ.ченак |
Миқдор |
Макони дастраскунӣ аз руи ноҳияҳо, кг |
||||
ноҳияи Шуғнон |
ноҳияи Рушон |
ноҳияи Роштқалъа |
ноҳияи Ишкошим |
|
|||||
1 |
Нурии минералии Аммофос |
Аммофос, истеҳсоли Қазоқистон, дар халтаҳои бо вазни 50 кг бастубанд карда шуда. |
кг |
13030 |
3331 |
3233 |
3233 |
3233 |
|
2 |
Нурии мениралии Карбомид |
Карбомид, истеҳсоли Узбакистон дар халтаҳои бо вазни 50 кг бастубанд карда шуда. 46% маводи таъсиркунанда |
кг |
9750 |
2475 |
2425 |
2425 |
2425 |
|
Эзоҳ: Макони дастраскунӣ: ноҳияи Рушон ҷамоатҳои деҳоти (Рушон, Пастхуф, Бартанг), ноҳияи Шуғнон маркази ҷамоатҳои деҳоти (Поршинев, Навобод, Сучон, Вер), ноҳияи Роштқалъа ҷамоатҳои деҳоти (Роштқалъа, Миршакар, Тусён, Гадоалиев), ноҳияи Ишкошим ҷамоатҳои деҳоти (Рустамбек, Қозидеҳ).
Ширкатҳо метавонанд барои як ё барои ҳар се лотҳо пешниҳоди тиҷоратии худро, дар лифофаҳои алоҳида пешниҳод намоянд.
Шахси масъул оиди эзоҳдиҳии ҳуҷҷатҳои тендерӣ
Маҷнун Абдулалишоев, телефон: ; 93 5671441 е-mail: majnun.abdulalishoev@akdn.org
Дар пешниҳодоти тиҷоратӣ мавҷудияти ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
- Мактуби ҳамроҳ бо нишон додани маълумотҳои зерин:
а) Нархномаи умумӣ (бо Cомонӣ);
б) Мӯҳлати дастраскунӣ;
в) Макони дастраскунӣ;
г) Мӯҳлати амали нархнома
д) Шарт ва мӯҳлати пардохт
е) Мӯҳлати кафолат барои мол/таҷҳизот
- Пешниҳоди тиҷоратӣ бо нишон додани маълумотҳои зерин дар он:
а) Номгуй ва таснифоти мушаххаси мол/таҷҳизот бо нархи ҳар як воҳиди он (Нархнома барои ҳар як лот дар алоҳидагӣ пешниҳод карда шавад).
б) Нархи умумии мол/маводҳо бо назардошти таҳвили он то макони талабшуда.
в) Маълумот дар бораи АИИ дар нархи мол/мавод (агар ширкат пардохткунандаи АИИ бошад)
г) Номи хоҷагии истеҳсолкунандаи тухмӣ (барои лотҳои 1 ва 2) ва номи ширкати истеҳсолкунандаи мол/мавод (барои лоти 3)
д) Нусхаи сертификати асли пайдоиши навъи тухмӣ ва сифати тухмӣ (барои лотҳои 1 ва 2) ва нусхаи сертификати нуриҳои минералӣ (барои лоти 3)
- Маълумот оид ба таҷрибаи корхона дар соҳаи хариду фурӯши мол/маводҳои ҳаммонанд
- Тавсияномаҳо аз широкон.
- Маълумотнома аз кумитаи андоз оиди надоштани қарздорӣ (барои моҳи охирони ҳисоботӣ)
- Маълумотнома аз бонк оиди доштани суратҳисоб.
- Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки мақоми молтаъминкунандаро тасдиқ мекунад (нусхаи Шаҳодатнома, Иқтибос, Патент, РМА ва ғайра)
- Суроға, телефон ва почтаи электронии соҳибкорон ширкатҳои дар тендер иштироккунанда.
- Дигар шартҳои тендер:
- Пешниҳоди тиҷоратӣ аз соҳибкорон, ширкату корхонаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда, қабул карда мешаванд.
- Иштирокчии тендер бояд сиёсати ташкилот/давлати маблағгузорро вобаста ба таҳримҳои амалкунанда риоя намояд.
Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то санаи 27-уми марти соли 2023 соати 17:00 мебошад. Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд мувофиқи талаботи тендерӣ дар лифофаи мӯҳршуда омода шуда ба дафтарҳои кории БҶИИИМК дар суроғаи ш.Хоруғ, кучаи Ш.Шотемур 62 ва ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4-ум ба шахсони дар поён зикршуда пешниҳод карда шавад.
Шахсони масъул барои пешниҳод ва қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ:
Дар ш. Хоруғ: – Нилуфар Шодибекова ва дар ш. Душанбе:- Сабзалиев Боқир
Диққат! Кушодани пешниҳодоти тендерӣ санаи 29-уми марти соли 2023 соати 16:00 дар суроғаи дар боло нишондодашуда баргузор мешавад. Шумо метавонед, ки бевосита ё тариқи онлайн тавассути Skype дар маҷлиси тендерӣ иштирок намоед.
БҶИИМК/ФТО барои иштирок дар озмун аз занон ва ширкатҳое, ки аз ҷониби занон таъсис ёфтаанд ё роҳбарӣ карда мешаванд, истиқбол мекунад.
Ташкилот-Фармоишгар ҳуқуқи қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ дар назди Иштирокчиёни тендер ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба онҳо дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва қарори қабул кардааш низ ӯҳдадор нест.