MSDSP

“Сохтмони истгоҳи обкаш барои обёрии заминҳо ”

ЭЪЛОН БАРОИ  ИШТИРОК  ДАР  ТЕНДЕР

 

     Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК) -и  лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқии салоҳиятдорро барои иштирок дар тендери мазкур даъват менамояд:

 

#
б/т

Номгӯи иншоот

Макони ҷойгиршави

1

“Сохтмони истгоҳи обкаш барои обёрии заминҳо ”

деҳаи Барушон, ҷамоати н. Додихудоев ноҳияи  Рушони ВМКБ.

 

 

 

 

 

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд, тамоми маҷмӯъи ҳуҷҷатҳои тендериро  тариқи почтаҳои электронии nusratullo.miralibekov@akdn.org  ё  boqir.sabzaliev@akdn.org  баъди пардохти  маблағи муайяншуда, дастрас намоянд. Арзиши ҳуҷҷатҳои тендери 200 (дусад) сомониро ташкил медиҳад, ки бояд ҳамчун пардохти бебозгашт ба суратҳисоби ташкилот сурат гирад.

 

Шахси масъул оиди эзоҳдиҳии ҳуҷҷатҳои тендерӣ

Шерзамонов Ёдгор, телефон: 935008990;  е-mail: yodgor.sherzamonov@akdn.org

 

Шахсони масъул барои пешниҳод ва  қабули  ҳуҷҷатҳои тендерӣ:

Дар ш. Хоруғ: Нусратулло Миралибеков, телефон: 93-885-89-89 

Дар ш. Душанбе: Сабзалиев Бокир, телефон: +992372247650

 

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

 

  1. Мактуби ҳамроҳ бо нишон додани маблағи умумии пешниҳодот;
  2. Пешниҳоди тиҷоратӣ оиди иҷроиши корҳои сохтмонӣ, бо асъори миллӣ;
  3. Маълумот оиди ба ҳисоб гирифтани АИИ дар нархнома (агар ширкат пардохткунандаи АИИ бошад);
  4. Маълумот дар бораи мӯҳлат ва шаклҳои пардохт;
  5. Мӯҳлат (нақҳаи)-и иҷрои корҳои сохтмонӣ;
  6. Маълумоти тасдиқкунандаи боздид аз иншоот аз тарафи довталаб бо мақсади арзёбӣ ва таҳқиқот (Сурат оиди боздид аз иншоот аз тарафи намояндаи ширкат танҳо дар сурати дар манзараи сохтмони оянда, беҳтараш дар ҳузури манфиатгирандагон (бинифитсарҳо) ё дигар намояндагони (маҳалла, деҳа, чамоат ва гайра) аксбардорӣ  шуданаш, ба инобат гирифта мешавад.
  7. Маълумот оид ба таҷрибаи корхона дар соҳаи сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва иншоотҳои гидротехникӣ.
  8. Номгӯи иншоотҳои сохташудаи монанд, ки дар се соли охир аз тарафи пудратчӣ иҷро карда шудаанд
  9. Маълумот оиди базаи моддӣ – техникии корхона ва дастрасӣ ба таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ тибки шартнома (доштани техникаи зарурӣ таҷҳизоти пудратчӣ танҳо дар сурати пешниҳоди руйихат ва номгӯи таҷҳизот бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиккунанда, нусхаи шаҳодатномахои техники ва ғайра, ва дар сурати иҷора, нусхаи шартномаи иҷора, ба инобат гирифта мешавад).
  10. Маълумот оиди мутахассисон ва кадрҳои корхона (руйихат, тахассус ва таҷрибаи корӣ), ки барои иҷроиши шартнома заруранд. Ба ғайр аз руйихат инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиккунандаи фаъолияти мутахассис дар корхона ( нусхаи ҷадвали кории доимӣ, шартномаи меҳнатӣ, фармони ба кор гирифтан ва дафтарчаи меҳнатӣ) пешниход карда шаванд.
  11. Маълумот оиди вазъи молиявии корхона дар се соли охир, бо ҳисоботи молиявӣ (тавозуни муҳосиб) тасдиқшуда
  12. Маълумотнома оиди гардиши молиявии корхона дар се соли охир
  13. Маълумотнома аз кумитаи андоз оиди надоштани қарздорӣ (барои моҳи охирони ҳисоботӣ)
  14. Маълумотнома аз бонк оиди доштани суратҳисоб ва маблағ дар суратҳисоби корхона
  15. Тавсияномаҳо аз шарикон;
  16. Ҳуҷҷати ҳуқуқие, ки мақоми пудратчии потенсиалиро тасдиқ мекунад (нусхаи иҷозатнома барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, патент, шаҳодатнома, ва ғайра)
  17. Суроға, телефон ва почтаи электронии соҳибкорон ширкатҳои дар тендер иштироккунанда.
  18. Ҳуҷҷатҳои дигари дар “Ҳуҷҷатҳо барои тендер” талабшаванда

 

Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва  ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.

 

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то санаи 12-уми  октябри соли 2022 соати 17:00  мебошад. Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд мувофиқи талаботи дар “Ҳуҷҷатҳо барои тендер” нишондодашуда ва дар лифофаи мӯҳршуда дар ду нусха (аслӣ ва нусха), омода ва ба шахсон ва суроғаҳои дар боло зикршуда пешниҳод карда шавад. Дархостҳое, ки аз муҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

 

Диққат!   Иштирокчиёни тендер 13-уми  октябри соли 2022 соати  10.00 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК  ба суроғаи  ш. Хоруғ  кӯчаи Ленин 62 ва ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4-ум барои иштирок дар раванди кушодани  пешниҳодоти тендерӣ  даъват карда мешаванд. Бо худ доштани ҳисобҳои сметавӣ дар шакли электронӣ ҳатмист.

 

Намояндагони ширкатҳои довталаб барои иштирок дар раванди кушодани лифофаҳои тендерӣ ба суроғаҳои болозикршуда даъват карда мешаванд ва ё метавонанд тариқи онлайн тавассути Skype иштирок намоянд 

 

Фонди Оғохон барои  иштирок дар тендер аз  ширкатҳое, ки аз ҷониби занон таъсис ёфтаанд ё роҳбарӣ карда мешаванд, истиқбол мекунад.

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.