MSDSP

Озмуни такрорӣ оид ба пешниҳод намудани кумаки техники барои фаъолиятхои соҳибкорӣ

 ДАЪВАТНОМАИ ТАКРОРӢ  БА ОЗМУН

оид ба пешниҳод намудани кумаки техники барои фаъолиятхои соҳибкорӣ

 Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Кўҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоиҷкистонии Оғохон дар ҳамкорӣ бо Фонди Соҳибкорӣ ва Рушд лоиҳаи “Шукуфоии Босуръат дар Осиёи Маркази ва Ҷануби” ба мақсади дастгирии фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва ВМКБ барои пешниҳоди кумаки техникӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ  озмуни такрорӣ  эълон менамояд.

Мақсадӽои асосии лоиӽа ин муайян намудан ва пешбурди фаъолияти ширкати пешбаранда/бахши хусусӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, бо мақсади расондани кумакҳои техники барои пурқувват ва тавонманд намудани гуруҳҳои истеҳсолӣ ва истеӽсолкунандагони хурд дар доираи силсилаҳои арзиши афзалиятнок мебошад. Идеяҳои беҳтарин бояд ба беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ,  усул ва низоми беӽтар намудани таъминоти маводҳо, дастраси ба хизматрасониӽои рушди хизматрасониҳои соҳибкори ва бозор, бунёди ва рушди робита байни истеҳсолкунанда ва корҳонаҳои таъминкунанда ва корхонаҳои коркард, таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа мусоидат намоянд.

Шахсони мутасаддӣ барои пешниҳоди маълумот ва қабули ҳуҷҷатҳои озмун:

Ҳар як довталаб метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар лифофа  маҳкам (мӯҳр) кардашуда ё дар шакли электронӣ, то санаи муқарраргардида ба шахсони зерин пешкаш намоянд:

  • ш .Хуҷанд, хиёбони И. Сомони 203 «Б», (нишони «Халикбанк» ошёнаи 3 -юм): Урунов Голиб, телефон: 93 777 99 81; е-mail:
    gholib.urunov@akdn.org
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4: Хуҷаназарова Бибимисри, телефон: 93 699 25 19  bibimisri.khujanazarova@akdn.org
  • ш. Кулоб, кӯчаи Худоер Назаров 8: Давлатмурод Қурбонов, телефон: 937770309; е-mail:davlatmurod.kurbonov@akdn.org
  • ш. Хоруғ, кӯчаи Шириншо Шотемур 82: Асадшо Зоолшоев, телефон: 935777131; е-mail: sadsho.zoolshoev@akdn.org

Барои иштирок дар озмун, ҳамаи иштирокчиён бояд  хуҷҷатхои зеринро пешниход намоянд:

  1. Варақаи дархост (анкета)
  2. Нусхаи шиноснома
  3. Нусхаи шаҳодатномаи соҳибкори ё корхона (агар дошта бошад)
  4. Бизнес нақшаи муфассал оиди мудохилаи банақшагирифта шуда (агар омода бошад);

Варақаи дархостро метавонед аз шахсони мутсаддии дар болозикршуда бо роҳи ирсоли дархост тавассути почтаи электронӣ ё телефон  дастрас намоед.

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо соати 17:00 санаи 15 уми июни соли 2022 мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

БҶМИИК  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва дар назди иштирокчиёни озмун  ягон ҷавобгарӣ надорад. Инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.