Поделиться в facebook
Поделиться в twitter
Поделиться в linkedin
Поделиться в print
Программа Поддержки Развития Обществ Горных Регионов (ППРОГР) - проект Фонда Ага Хана Таджикистан

Озмун барои интихоби тренер

 
 

Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон

лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ЭЪЛОНИ ОЗМУН  БАРОИ  ИНТИХОБИ ТРЕНЕР

 

  

Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Фонди Оғохон оид ба рушди деҳот, ки дар чахор минтақаҳои Тоҷикистон кору фаъолият карда зиеда аз 1,600 деҳа/маҳалла – ро дар бар мегирад. БҶИИМК аз тарафи маблағгузорони гуногун дастгирӣ ёфта, дар самти беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар деҳоти Точикистон тавассути равнақ додани  идоракунии самараноки муштарак ба воситаи рушди институтсионалии ҷомеъаи шаҳрвандӣ, интенсификатсияи пойдори соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии замин, хизматрасониҳои беҳшуда ва густаришёфтаи ҷамъиятӣ ва хизматрасониҳои хусусӣ барои рушди иҷтимоӣ-иктисодӣ, мухити зист ва экология, саҳмгузорӣ намуда истодааст.

 

“Таъсири Маҳаллӣ” ин иқдоми муштараки Фонди Оғохон ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Рушди Байналхалқӣ мебошад. Ин иқдом як чорчуби инноватсионӣ барои таъсиригузорӣ дар саросари Осиё ва Африқо мебошад, ки ҷомеаҳои маҳаллиро дар маркази рушд қарор медиҳад. Ҳадафи лоиҳа дар Тоҷикистон аз баланд бардоштани эътимоди аҳоли ба занон, мардон, духтарон, писарон ва ҷомеаҳои онҳо мебошад. Барнома дар ҳамкории зич бо сохторҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамоатҳои канормонада ва осебпазир ба хотири  рушди шомили иқтисодӣ , беҳтар намудани инфрасохтор ва дастрасӣ ба хидматҳои аввала ба мисоли энергияи таҷдидшаванда,  баланд бардоштани зарфияти шаҳрвандон ва муассисаҳои маҳаллӣ; ва  мусоидат ба гуногунандешӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ фаъолият менамояд.

 

Дар доираи лоиҳаи “Таъсири Маҳаллӣ” БҶИИМК омӯзиши сафарбаркунии ҷомеаро оиди ба Энергияи барқароршаванда  барои  соҳибкорон дар Вилояти  Хатлон ташкил менамояд. Мақсади асосии ин омӯзиш ин баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳибкорон дар бораи истифодаи самарабахш ва самараноки захираҳои табиӣ дар истеҳсоли энергияи барқароршаванда ва истифодаи самаранокӣ он мебошад. Дар доираи ин  омӯзиш БҶИИМК тренерон ва ё мушовирони инфиродиро барои иштирок дар озмуни кушод оид ба таҳияи маводи таълимӣ ва гузаронидани омӯзиш аз рӯи мавзӯъи зерин даъват менамояд:

 

Номгӯйи хизматрасонӣ/кор (мавзӯъи омӯзишҳо) Миқдори рӯзҳои омӯзиш Макони гузаронидан
 

1

Таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо дар мавзӯъи  “Энергияи Барқароршаванда ва Истифодаи Самаранокӣ он” аз рӯи зермавзӯъҳои зерин:

 

  1. Огоҳсозии ҷавонон оиди аҳамият ва истифодаи самаранокии захираҳои табиӣ барои рушди истеҳсоли энергияи барқароршаванда.
  2. Шиносои бо манбаъҳои барқароршавандаи энергия. Ба ҷавонон додани маълумот оиди технологияи каммасраф.
  3. Ба ҷавонон додани маълумот оиди роҳҳои истифода ва пешбурди манбаъҳои барқароршавандаи энергия.
  4. Воқифгардонии ҷавонон оиди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар минтақа ва таъсири он ба муҳити зист. Пешниҳод намудани маълумот оиди таҷрибаҳои беҳтарин оиди истифодаи энергияи барқароршаванда дар сатҳи хоҷагӣ, корхона ва тиҷорат.  
  5. Шинос намудани шунавандагонро бо навовариҳои намоишӣ, технологияҳои нав дар самти истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (масалан, офтобӣ, шамол, гарминигаҳдорӣ ва ғ.)
  6. Пешниҳод намудани маълумот оиди истифодаи асбобҳои рузгор, дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои каммасраф барои равшанӣ, гармӣ, пухту паз ва дигар ниёзҳои хоҷагӣ ва барои ташкили фаъолиятҳои хурди соҳибкорӣ:
  7. Шинос намидани иштироккунандагон оиди роҳҳои такмил додани истифодаи самараноки энергия дар сатҳи хона, тиҷорат, биноҳои ҷамъиятӣ.

 

 1 руз Вилояти Хатлон, ноҳияи Ш.Шоҳин

 

 

Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:

  • Маълумоти олӣ дар самти идоракунии захираҳои табиӣ ва ё илмҳои техники.
  • Малака ва таҷрибаи хуб дар самти истифодабари ва пешбурди энергияи барқароршаванда;
  • Таҷрибаи ҳадди аққали 2-сол дар соҳаи рушди энергияи барқароршаванда, махсусан дар самти истифодабарии захираҳои табии барои истеҳсоли энергияи барқароршаванда;
  • Таҷриба дар гузаронидани тренингҳо ва сессияҳо оид ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва истифодаи энергия (дастурот, роҳнамо, модулҳо);
  • Донистани забони тоҷикӣ.

 

Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба роҳбари лоиҳа дар ш. Кулоб Моҳру Вадиева, телефон: +992 110034103; е-mail: mohru.vadieva@akdn.org муроҷиат намоед.

       Ҳар як довталаб метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар лифофаҳои коғазини  маҳкам (мӯҳр) кардашуда, то санаи муқарраргардида ба дафтари кории БҶИИМК дар ш. Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи ш.Кулоб к. Х.Назаров 8  ба шахсони зерин пешкаш намоянд:

  • ш.Душанбе: Қудратов Улфатшо, телефон: 93 707 80 20, е-mail: qudratov@akdn.org
  • ш.Кулоб: Беҳзод Ҳукмов, телефон: 93 111 45 45, е-mail: behzod.hukmov@akdn.org

 

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

  • Мактуби таваҷҷӯҳӣ;
  • Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи ҳаққи хизмат барои гузаронидани як омӯзиш ва таҳияи воситаю усулҳои такомули маҳоратҳо;
  • Маълумот дар бораи шартҳо, мӯҳлат ва шакли пардохт;
  • Мӯҳлати иҷрои хизматрасонии дархостшуда;
  • Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
  • Ҳолномаи (CV) – и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
  • Маълумот дар бораи мавҷудияти таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо/тренинг ва таҳияи маводҳои таълимӣ;
  • Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (дипломи маълумоти олӣ, шаҳодатномаи омӯзишҳо).

 

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо соати 09:00 санаи 16-уми июли соли 2021 мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

 

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  10.00 санаи 19 -уми июли соли 2021 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК  ба суроғаҳои дар болозикршуда барои иштирок дар раванди кушодани  лифофаҳо бо пешниҳодоти тиҷоратӣ,  даъват карда мешаванд.

 

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.