Поделиться в facebook
Поделиться в twitter
Поделиться в linkedin
Поделиться в print
Фаъолияти «Озуқаворӣ ба хотири ояндаи Тоҷикистон» (FtF) оид ба кишоварзӣ ва идоракунии замин (ALG)

Омӯзгорони касбӣ (тренерон)

ДАЪВАТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

Номи вазифа: Омӯзгорони касбӣ (тренерон)

  • (монтёри барқчӣ (электромонтер)-1 нафар;
  • челонгари барқии АНЧ ва А (электрослесарь КИПиА) -1 нафар;
  • челонгар оид ба таъмири таҷҳизотҳо (слесарь по ремонту оборудование) -1 нафар;
  • оператор истеҳсолоти химиявӣ-1 нафар;
  • машинисти таҷҳизотҳои насосию компрессорӣ (машинист насосного и компрессорного оборудование) -1 нафар;
  • лаборанти таҳлили химиявӣ; кафшергари барқию газӣ (электрогазосварщик) -1 нафар; харрот (токарь) -1 нафар;
  • тунукасоз ва изоляторчӣ (жестянщик-изолировщик) -1 нафар;

Ҷои кор:         Шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давомнокӣ:   Кӯтоҳмуддат (3 моҳ)

Аризаҳо то санаи 31/01/2022 қабул мешаванд

Маълумоти умумӣ

Фаъолияти «Озуқаворӣ ба хотири ояндаи Тоҷикистон» (FtF) оид ба кишоварзӣ ва идоракунии замин (ALG) чорабинии 5-солаест, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲҶТ) дар коҳиши устувори гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатии деҳқонони хурд тавассути рушди бештари маҳсулнокии хоҷагиҳо, системаҳои самаранокии соҳаи кишоварзӣ, ки устувории фаъолияти хоҷагиҳои хурдро зиёд намуда, муҳити мусоидро барои рушди устувори дарозмуддат дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар ва мусоидат мекунад. Он ба ҳадафҳои асосии Стратегияи глобалии амнияти озуқавории USAID (GFSS) оид ба рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ, натиҷаҳои беҳтаркунии ғизо, беҳбудии амнияти озуқаворӣ, заминдорӣ ва ҳифзи обрасонӣ мусоидат мекунад.

Ҳадафи фаъолият тавассути қисмҳои зерин амалӣ карда мешавад:

  • Такмил додани системаҳои истеҳсолии хоҷагии халқ;
  • Эҳёи ва рушди устувори деҳқонони хурди осебпазир;
  • Беҳтар кардани муҳити мусоид.

Мақсад.

Фаъолияти «Озуқаворӣ ба хотири ояндаи Тоҷикистон» (FtF) оид ба кишоварзӣ ва идоракунии замин (ALG) дар якҷояги бо ҶСК «АЗОТ» шахсони воқеъи ва ташкилотҳои самти омӯзишии дорои таҷрибаи кориро даъват менамояд, ки пешниҳоди озмунии худро барои иштирок намудан дар озмуни интихобӣ ҷиҳати гузаронидани омӯзишҳо касби мутобиқи Дастури ягонаи тарифӣ малакаҳо барои ҷойҳои корӣ (Единый тарифно-квалификационный справочник работ и профессий рабочих ) барои занон ва ҷавонони хоҷагиҳои хурди осебпазир пешниҳод намоянд.

 

Фаъолияти мазкур ба тренерони касбии зерин ниёз дорад:

 

  1. Инструктор монтёри барқчӣ (электромонтер);
  2. Инструктор челонгари барқии АНЧ ва А (электрослесарь КИПиА)
  3. Тренер-челонгар оид ба таъмири таҷҳизотҳо (слесарь по ремонту оборудование);
  4. Тренер-оператор истеҳсолоти химиявӣ;
  5. Тренери-машинисти таҷҳизотҳои насосию компрессорӣ (машинист насосного и компрессорного оборудование);
  6. Тренер-лаборанти таҳлили химиявӣ;
  7. Тренер-кафшергари барқию газӣ (электрогазосварщик);
  8. Тренер-харрот (токарь);
  9. Тренер-тунукасоз ва изоляторчӣ (жестянщик-изолировщик).

 

Талаботҳои асосӣ:

  1. Маълумоти олии касбӣ (техникӣ) ва миёнаи техникӣ;
  2. Собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаҳои зикршуда;
  3. Қобилияти кор бо ҷавонон;
  4. Муаррифии босалоҳият ва дуруст оид ба технология, таҷҳизот, қисмҳо ва мошинҳо;
  5. Истифодаи усулҳои гуногуни таълимиро донад;
  6. Маводро ба осонӣ шарҳ диҳад;
  7. Қобилияти ташкилотчигӣ ва суханронӣ;
  8. Таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ.

 

Талабот

т/р Тренери касбӣ Талабот
1 1.      Инструктор монтёри барқчӣ (электромонтер); 1. Донистани:

– асосҳои электротехника ва телемеханика;

– намудҳо ва конструксияҳои таҷҳизоти электрикӣ;

2. Қобилияти таълимӣ:

– таъмири амалӣ, танзими ҳифзи реле ва автоматика (РРА);

– таъмири балластҳо;

– омӯзиши занҷирҳои электрикӣ, принсипҳои таълим ва амалия;

– таълим ва амалия бо дастгоҳҳо ва принсипҳои кории дастгоҳҳои барқӣ

2 Инструктор-монтёри барқчии (электромонтер) Асбобҳои назоратию ченкунӣ ва автоматика 1. Донистани:

– малака ва имконияти тартиб додани нақшаҳо (схема, диаграмма) ва рушди воситаҳои ташхисӣ (диагностика) АНЧ ва А;

– асосҳои метрология, мақсаду вазифаҳои таъминоти метрологӣ;

– ташкил намудани таъмир ва нигоҳдорию хизматрасонии таҷҳизот;

– Системаи хизматрасониҳои профилактикӣ ва кори оқилона бо АНЧ ва А;

– характеристикаи техникӣ;

– хусусиятҳои конструксия, мақсад ва принсипҳои кории таҷҳизот;

– қоидаҳои истифодабарии техникӣ;

– принсипҳои банақшагирии нигоҳдорӣ ва таъмир;

– тартиб додани дархостҳо барои таҷҳизот, масолеҳ, қисмҳои эҳтиётӣ ва асбобҳо.

2. Қобилияти таълим додани:

– таъмир ва хизматрасониҳои АНЧ ва А;

– санҷиш, насб ва истифодабарии ин асбобҳо, усули ҳисоби диафрагмаҳо, таъинот ва дуруст истифода бурдани асбобу аппаратҳо, системаҳои ҳозиразамони идоракунии протсессҳои технологӣ, дастгоҳҳо ва датчикҳои навтарин;

– донишҷӯёнро бо фаслҳои дахлдори стандартҳои навтарин ва метрология шинос кунад

3 Тренер-челонгар оид ба таъмири таҷҳизотҳо (слесарь по ремонту оборудование) 1. Донистани:

асосҳои механика ва лоиҳакашӣ;

– технологияи таъмири мошинҳои динамикӣ ва таҷҳизоти статистикӣ.

2. Қобилияти таълим додан:

– тарзи истифода бурдани воситаву асбобҳои ченкунӣ;

– принсипҳои кори компрессорҳои поршендор ва марказгурез,  фишорафзоҳои (насосҳо) плунжерӣ ва марказгурез;

– хусусиятҳои маводе, ки барои истеҳсол ва таъмири таҷҳизоти динамикӣ ва зарфӣ (емкость) истифода мешаванд;

хусусиятҳои равғанҳои молидание, ки дар таҷҳизот истифода мешаванд;

– усулҳо ва асосҳои бехатарии корҳои таъмирӣ;

– принсипҳои кор ва андозагирӣ бо асбобҳои ченкунӣ

4 Тренер-оператор дар истеҳсолоти химиявӣ 1. Донистани:

– асосҳои физика ва химия;

– технология ва таҷҳизоте, ки дар истеҳсолоти химиявӣ истифода мешаванд;

– схемаи насби идоракунии технологӣ, раванди идоракунии дастгоҳҳои химиявӣ;

– параметрҳои имконпазир будани заҳидани (протекание) протсесси химиявӣ ва қоидаҳои танзими онҳо, усулҳои ҳисоб кардани таъсири танзимкунандаҳо, принсипҳои кори дастгоҳҳои назоратӣ-ченкунӣ;

2. Қобилияти таълими:

– дастгоҳҳо ва принсипҳои кори асбобҳои химиявӣ ва таҳлили маълумотҳои асбобҳои назоратӣ-ченкунӣ, ҳисоб кардан ва ба амал баровардани самараи танзими протсессҳои технологӣ, омода намудани таҷҳизот ва истифодаи бехатари он, ба кор андохтан ва хомуш кардани таҷҳизот бо мавриди пайдарҳамии зарурӣ, барои таъмир тайёр кардани таҷҳизот, эҳтиёткунӣ ва боздоштани ҳодисаҳои нохуш;

– хондани схемаҳои технологӣ ва ба даст овардани маҳсулот, тайёр кардани маҳлулҳо, қабули ашёи хом, ҷобаҷогузории таҷҳизот, азхуд кардани усулҳои идоракунии протсесси истеҳсолот;

– қоидаҳо, меъёрҳо ва шартҳои муомилоти бехатар бо реактивҳои химиявӣ ва тарзи дуруст нигоҳ доштани ашёи хоми хушк, моеъ ва хамирӣ, маҳсулоти нимтайёр ва тайёр

5 Тренери-машинисти таҷҳизотҳои насосию компрессорӣ (машинист насосного и компрессорного оборудование) 1. Донистани:

– асосҳои физика ва химия, технология ва таҷҳизоти дар истеҳсолоти химиявӣ истифодашаванда, нақшаҳои технологии насб, раванд ва идоракунии дастгоҳҳои технологияи химиявӣ;

– параметрҳои имконпазир будани заҳидани (протекание) протсесси химиявӣ ва қоидаҳои танзими онҳо, усулҳои ҳисоб кардани таъсири танзимкунандаҳо, принсипҳои кори дастгоҳҳои назоратӣ-ченкунӣ;

2. Қобилияти таълими:

– дастгоҳҳо ва принсипҳои кор бо компрессорҳои поршенӣ ва марказгурез, насосҳои плунжерӣ ва марказгурез, таҳлили маълумотҳои асбобҳои назоратию ченкунӣ ва автоматика, ҳисоб кардан ва ба амал баровардани таъсирҳое, ки протсесси технологиро ба тартиб медароранд, ба кор омода намудани таҷҳизот ва нигоҳдории бехатар, ба кор дарорӣ ва аз кор мондани таҷҳизот бо пайдарҳамии зарурӣ, ба таъмир омода кардани таҷҳизот, эҳтиёткунӣ ва хомуш намудан сурати руй додани садамаҳо;

– хондани схемаҳои технологӣ ва ба даст овардани маҳсулот, тайёр кардани маҳлулҳо, қабули ашёи хом, ҷобаҷогузории таҷҳизот, азхуд кардани усулҳои идоракунии протсесси истеҳсолот;

– қоидаҳо, меъёрҳо ва шартҳои муомилоти бехатар бо реактивҳои химиявӣ ва тарзи дуруст нигоҳ доштани ашёи хоми хушк, моеъ ва хамирӣ, маҳсулоти нимтайёр ва тайёр

6 Тренер-лаборанти таҳлили химиявӣ 1. Донистани:

асосҳои таҳлилии химияи умумӣ.

2. Қобилияти:

насб ва таҳлили миқдорҳо (титр);

– хосиятҳои реактивҳои истифодашаванда ва талабот ба онҳо;

– усулҳои таҳлил ва хосиятҳои реактивҳои истифодашаванда;

– таъмини стандартҳои давлатӣ дар таҳлили молу маҳсулот барои минтақаи хизматрасонӣ;

– қоидаҳои истифодаи тарозуҳои аналитикӣ, монтажи электролиз, фотокалориметр, рефрактометр ва дигар асбобҳои ба ин монанд;

– талабот ба сифати озмоиш ва таҳлилҳо;

– равандҳои ҳалкунӣ, филтратсия, экстраксия ва кристаллизатсия;

– қоидаҳои ташкили дурусти таҷҳизоти лабораторӣ.

3. Қобилияти:

– таълим ва амалан нишон додани таври дурусти гузаронидани таҳлилҳо аз рӯи методикаи қабулшуда, бо усулҳои гуногун муайян кардани фоизи модда дар таркиби маводи таҳлилшаванда, муайян кардани часпакӣ, ҳалшавандагӣ, вазни хоси мавод ва моддаҳо, туршӣ ва хосиятҳои коксии маҳсулоти таҳлилшуда, алангаи фишор дар тигели пушида, муқаррар намудан ва тафтиши титрҳои оддӣ, гузаронидани таҳлилҳои гуногуни таркиби химиявии гуногунии озмоиш, баркашидани маводи таҳлилшуда дар тарозуи аналитикӣ, дуруст гузоштани таҷҳизоти лабораторӣ

 

7 Тренер-кафшергари барқию газӣ (электрогазосварщик) 1. Донистани:

– асосҳои материалшиносӣ, технологияи кафшеркунӣ, усулҳои истифодабарии асбобу анҷомҳо барои кафшерӣ, принсипҳои кори таҷҳизоти кафшеркунӣ, хусусиятҳои масолеҳҳое, ки барои кафшергарӣ истифода мешаванд, хусусиятҳои иловагии дар кафшерӣ истифодашаванда, электродҳо, усулҳои кафшерӣ, буриш, усулҳои идоракунии дарзҳои кафшершуда, асосҳои кафшергарии бехатар.

2. Қобилияти:

– таълим додани усулхои кафшергарии дастӣ бо дуға (дуга), кафшергарии плазмагӣ ва газии қисмҳо, дарзҳо, конструксияҳо ва хатҳои қубурӣ (трубопровод) аз пулодҳо, конструксияҳои оҳанин, чуян, металлҳои ранга, хӯлаҳо, қисмҳои мураккаби дарзҳо, конструксия ва хатҳои қубурини карбон ва умуман мавқеи фазоии кафшерӣ, бо оксиген дастӣ, плазмагӣ ва газии башаклдарорӣ ва рост буридан, дар мавқеъҳои гуногуни қисмҳои мураккаб аз пулодҳои гуногун, металлҳои ранга ва хӯлаҳо тавассути маркировка, асбобҳои кафшерии автоматӣ ва механикӣ, кафшергарии автоматӣ дар сохтмону конструксияҳои технологие, ки бо масъулияти баланд дар шароити вазнин амалӣ мешаванд, тариқи дастӣ ва камони кафшергарии қисмҳои мураккаби аз пулодҳои гуногун, чуян, металлҳои ранга ва хӯлаҳои дар мавқеъҳои гуногун сохташуда, кафшерии конструксияҳои оҳанин, сатҳҳо, рафъи камбудиҳои қисмҳои мураккаби мошинҳо, механизмҳо, конструксияҳо ва рехтагарӣ барои коркард ва озмоиши фишор, ислоҳи гарми конструксияҳои мураккаб, хондани нақшаҳои конструксияҳои гуногуни металлии кафшершуда ва ғайра

 

8 Тренер-харрот 1. Донистани:

– асосҳои механика, нақшакашӣ ва материалшиносӣ, технологияи металлбурӣ;

– маҳорати омузондани усулҳои истифодабарии асбобу ҷиҳозҳои кори харротӣ.

2. Қобилияти омузондани:

– принсипҳои кори дастгоҳҳо (станки), қоидаҳои тафтиши дурусти дастгоҳҳои ҳархела, усулҳои монтаж, васл кардан ва марказонидани қисмҳои мураккаб ва усулҳои муайян кардани пайдарпайии технологияи коркард, дастгоҳ, геометрия ва қоидаҳои коркард бо ҳарорат, омода кардани ҳамаи намудҳои асбобҳои бурранда, усулҳои ноил шудан ба дақиқии муқарраршуда ва коркарди тоза, усулу талабот ба коркарди механикӣ ва шартҳои махсуси истифодаи асбобу дастгоҳҳо, принсипҳои асосии калибровкаи профилҳои мураккаб, қоидаҳои муайян намудани шароити беҳтари буридан аз руи дастурамал ва шаҳодатномаи дастгоҳ, баҳисобгирӣ вобаста ба иҷрои корҳои мураккаби харротӣ, хусусияти масолеҳи металлҳои истифодашаванда, иҷозат ва нишаст (посадка), дақиқӣ ва сифат ҳангоми коркарди металлҳо ва асосҳои бехатарии кори харротӣ

9 Тренер-тунукасоз ва изоляторчӣ (жестянщик-изолятор) 1. Донистани:

– технологияи тайёр кардани маснуоти изоляционӣ, руйпуши қисмҳои металлӣ, масолеҳ ва материалҳои такроршаванда дар асоси полимерҳои синтетикӣ ва табиӣ, ретсепт ва таркиби битумии мастикӣ ва маҳлулҳо, инчунин ширеш, усулҳои гузаронидани ченкунӣ дар маҳал;

– аломатгузорӣ ва буридани расмҳои металлӣ, усулҳои истеҳсоли корҳои изолятсия бо истифода аз мошинҳо ва механизмҳо, усулҳои буридан ва сохтани қолабҳо ва маснуот, дастгоҳ ва принсипи кори асбобҳо ва дастгоҳҳои назоратии сифати изолятсия, намудҳо ва усулҳои изолятсияи гарм ва хунуки сатҳи конфигуратсияҳои гуногун, хусусиятҳои масолеҳи изолятории истифодашаванда, маснуот, мастикҳо ва маҳлулҳо, усулҳои тафтиши сифати изолятсия, хусусиятҳои физикию техникии масолеҳу маснуоти гармидиҳанда;

2. Қобилияти омӯхтан:

– аз рӯи расмҳо, қолабҳо ва намунаҳо сохтани маснуоти оддии варақаҳои металлӣ ва профилҳои пахшшуда (прессованный), дастӣ рост буридани варақаҳои металл ва тибқи намунаҳо буридани шаклдор аз рӯи ҳама андоза аз рӯи қолабҳо ва нишонаҳо, каҷбурии қисмҳои оддӣ, пулодгудозӣ дар дастгоҳҳои идорашаванда, рост кардани қисмҳо ва маснуоти начандон калон, инчунин қисмҳо ва маснуоти калонҳаҷм, гузоштани сарпушҳои муҳофизатӣ дар таҷҳизот ва хатҳои қубурӣ, кори челонгарӣ, аломатгузории қисмҳо аз руи расмҳо бо истифода аз ченакҳо, кунҷҳо, компасҳо, шаблонҳо, тарозу ва асбобҳои зарурӣ, тайёр кардани шаблонҳо, изолятсияи технологияи дастгоҳҳо;

– изолятсияи гарми сатҳҳо;

– изолятсия аз рӯи маснуот ва мастики пайвандҳои флянтсӣ, клапанҳо, сатҳҳои ҳамвор ва конусӣ, изолятсияи сатҳҳо бо фолгаи алюмини гофравӣ, коркарди нугҳои изолятсия, изолятсияи сатҳҳои каҷ бо матҳои асбестӣ, сохтани қолибҳо барои буридани маснуот, ченкунии руйпушҳои металлӣ дар маҳал, буридан ва тайёр кардани руйпушҳо, монтажи руйкашҳо ва монтажи руйпушҳои металлии конфигуратсияашон мураккаб, монтажи васлкунакҳо, буридани ва изолятсия дар ҷойҳои пайвасти он бо такяҳои устувор ва қисмҳои таҷҳизот, изолятсияи (печь) ва қисмҳои силиндрии дегҳо ва зарфҳои бухори хушк, бо масолеҳи такрорӣ пушондани сатҳи изолятории конфигуратсияҳои гуногун, материалҳои дар асоси полимерҳои синтетикӣ, табиӣ ва масолеҳи минералӣ, ба воситаи пошидан ва рехтан, демонтажи изолятсия;

– изолятсияи сатҳҳои хунук;

– сохтани қолибҳо барои буридани сегментҳо аз плитаҳои изолятсионӣ, ҷойгир кардани қабатҳои изолятсионӣ аз блокҳои калон, изолятсияи арматура, изолятсияи бисёрқабатаи камераҳои яхдон ва биноҳои лабораторӣ, изолятсияи пайвастҳои флансии хаттҳои қубурӣ бо тахтаҳои асбестӣ ва сохтани онҳо дар маҳалҳо, чен кардани ғафсии қабат ва якхела будани қабатҳои изолятсионии хатҳои қубурӣ бо усули механикакунонидашуда

 

 

Имкониятҳо ба довталавбони интихобгардида

 

  • Реҷаи корӣ 4 соат/1 рӯз
  • Маош шартномавӣ тибқи малакаҳои ҳар як нафар довталаб
  • Дар муддати омӯзиш бо ҷои хоб дар хобгоҳи ҶСК Азот таъмин карда мешавад
  • Ду вақт хуроки гарм таъмин карда мешавад дар вақти корӣ таъмин карда мешавад

Нафарон (тренерон) ва ташкилотҳои шавқманд метавонанд маълумоти бештаро тариқи почтаи электронии office@azot.tj ва Tahmina_Salomova@dai.com дархост намоянд.

Чи тавр ҳуҷат супоридан лозим аст: Иштирокчиён аризаи худро (иборат аз собиқаномаи кори ва мактуби ҳавасмандӣ бо назардошти арзиши иҷроиши кор инчунин бо пешниходи маоши рузона ва ё мохона) ба почтаи электронии  office@azot.tj ва Tahmina_Salomova@dai.com ирсол намоянд ва ё аризаашонро ба намояндаги и дар шаҳри Бохтар пешниход намоянд

Аризаҳо то санаи 31/01/2022 қабул мешаванд

 

 

Контакты: Гадоев Тоҷиддин

Телефон: 935012606

Телеграмм: 98 909 05 26

Почта: office@azot.tj ва Tahmina_Salomova@dai.com

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.