Good Neighbors Tajikistan

Мушовирон оид ба таҳияи модули таълимӣ оид ба идоракунии партовҳои сахт

Мушовирон оид ба таҳияи модули таълимӣ оид ба идоракунии партовҳои сахт

Муълати охир: 01.07.2022
Таҷрибаи корӣ: Бештар аз 5 соли собиқаи корӣ дар таҳияи дастурҳо ва модули таълими ва бурдани омӯзишхо
Макон: Душанбе, Кӯлоб  (2 нафар)
Намуди шартнома : Шартномаи кутоҳмуддати хизматрасони

Международное Добрососедство (GNT) дар Тоҷикистон созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона мебошад,  ки соли 1991 дар Корея таъсис ёфтааст. Международное Добрососедство дар 44 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад ва ба рушди ҷомеа барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Международное Добрососедство Тоҷикистон (GNT) аз соли 1998 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҳадафи Международное Добрососедство дар Тоҷикистон ба беҳтар кардани зиндагии мардум, бахусус кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона мебошад. Международное Добрососедство дар Точикистон бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, Ташкилотхои байналмиллалии Рушд, СММ ва Оҷонсиҳои  донорӣ, аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тарики пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдошти санитари  фаъолият менамояд  

Международное Добрососедство барои он вучуд дорад, ки ҷахонро ба макони бегуруснаги табдил дихад, дар он ҷое ки мардум бо хам мувофик зиндаги мекунанд. Международное Добрососедсвво ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва мазҳаб эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд.

 Дар мувофиқа бо рисолати мо, Международное Добрососедство  боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд ва мо дарк мекунем, ки мо вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ кунем. Аз ин рӯ, Международное Добрососедство  нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва/ё равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.

Международное Добрососедство дар айни замон Мушовирон оид ба таҳияи модули таълимӣ оид ба идоракунии партовҳои сахти  (ИПС), ки ба барномаи таълимии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси бозомузии кормандони сохаи маориф дохил карда мешаванд, ба кор гирифтан мехоҳад.

Номзадхои хавасманд бояд маълумотхоро пешниход кунанд, ки дорои тахассуси зарури ва тачрибаи кории марбут ва Идоракунии партовҳои сахт, кампост тайёркуни мебошанд. ( Танхо нусхаи аризаи Международное Добрососедстворо пур намоед, нусхаи хуҷҷатхое ки тахассус ва малакахои мувофик, тачриба ва салохияти марбут ба вазифаро тасдик мекунад, тавсияномахоро, пешниход намоед). 

Номзадхои хавасманд бояд маълумотхоро пешниход кунанд, ки дорои тахассуси зарури ва тачрибаи кории марбут ва Идоракунии партовҳои сахт, кампост тайёркуни мебошанд. ( Танхо нусхаи аризаи Международное Добрососедстворо пур намоед, нусхаи хуҷҷатхое ки тахассус ва малакахои мувофик, тачриба ва салохияти марбут ба вазифаро тасдик мекунад, тавсияномахоро, пешниход намоед). 

Вазифа ва ӯҳдадориҳои мушовир дар давраи муайян инҳоро дар бар мегиранд:

  • Барраси ва аз нав дида баромадани тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба омӯзиш, маводҳои Оҷонсихои гуногуни байналмилалӣ ва маҳаллӣ,
  • Таҳияи модули таълимӣ барои тренерони миллӣ дар байни муаллимони ДҶТИБКСМ ва мактабҳо;
  • Варианти аввалро ба мукаммалкуни ва фикру мулоҳиза пешниҳод кунед,
  • Барраси ва ворид кардани фикру мулоҳизаҳо дар бораи Идоракунии партовхои сахт (ИПС)
  • Барои ворид кардани шарҳҳо ба версияи ниҳоии модули таълимӣ,
  • Гузаронидани тренинг барои 20 тренери миллӣ оид ба ИПС мутобиқи модули таҳияшуда ва воридшуда;
  • Гирифтани иҷоза барои воридкунии модули ИПС ба барномаи таълимии таълимии милли.

Талабот:

  • Маълумоти Олии Омӯзгори;
  • Таҷриба дар таҳияи модулҳо, роҳнамо оид ба ИПС ва масъалаҳои экологӣ
  • Дониши хуб оид ба идоракунии партовҳо ва ворид кардани он ба барномаҳои мактабӣ
  • Малакаҳои хуби омодасозии барнома, модули таълимӣ ва модули ҳамаҷониба махсусан дар бораи ИПС;
  • Маҳорати хуби омӯзиш гузарони ва фасилитатсионӣ;
  • Маҳорати хуби муоширати ва таҳлилӣ;
  • Малакаҳои хуби кор дар компютер.

МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ

Факат шахсони интихобшуда аълока карда мешаванд.

ФАКАТ НУСХАИ АПЛИКАСИЯИ МЕЖДУНАРОДНОЕ ДОБРОСОСЕДСТВО БАРОИ ИНТИХОБ ШУДАГОН БА ЭЪТИБОР ГИРИФТА МЕШАВАД, тавсияномахо кабул мешаванд. Мархамат карда нусхаи апликасияи GNT-Application-Form аз инҷо дарёбед ва ба суроғаи зерин gnt.humanresources@gmail.com and arina.nam@goodneighbors.org  равона кунед. .

маълумоти иловаги:

www.goodneighbors.org

www.goodneighbors.tj

https://www.facebook.com/gntajikistan/

Офиси GNT дар ш. Кӯлоб,

Сурога: хиёбони И. Сомони х. 28 ҳ. 38, (дар рӯ ба рӯи супермаркети Ёвар, назди меҳмонхонаи Чинор)

Офиси GNT дар ш. Душанбе,

Сурога: к. Г. Завкибеков, х. 34/3, (назди бинои театри Лухтак ва Парки бачагона Спартак)

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.