MSDSP

Интихоби ширкати пешбаранда барои пешниҳод намудани кумаки техники барои фаъолиятхои соҳибкори

Озмун оид ба интихоби ширкати пешбаранда барои пешниҳод намудани кумаки техники барои фаъолиятхои соҳибкори

Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Кўҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи ФОНДИ ОҒОХОН дар Тоҷикистон, дар минтақаҳои Cуғд, Хатлон, Рашт ва Бадахшон бо зиёда аз 1,600 деҳа/маҳалла фаъолиятҳоро пеш бурда истодааст. БҶИИМК аз тарафи маблағгузорони гуногун дастгирӣ ёфта, дар самти рушди бисёрҷабҳаи минтақа фаъолиятҳои гуногунро амалӣ карда истодааст, ки онҳо дар беҳтар намудани сифати зиндагии сокинони деҳоти Тоҷикистон, тавассути идоракунии хуб ва хизматрасонии беҳтари ҷамъиятию хусусӣ саҳм мегузоранд.

 

Мақсад ва талаботҳои озмун : 

БҶИИМК дар ҳамкорӣ бо Фонди Соҳибкорӣ ва Рушд лоиҳаи “Шукуфоии Босуръат дар Осиёи Маркази ва Ҷануби” ба мақсади дастгирии фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Рашт ва ВМКБ амалӣ мекунад. Яке аз мақсадӽои асосии лоиӽа ин муайян намудан ва пешбурди фаъолияти ширкати пешбаранда/бахши хусусӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, бо мақсади расондани кумакҳои техники барои пурқувват ва тавонманд намудани гуруҳҳои истеҳсолӣ ва истеӽсолкунандагони хурд дар доираи силсилаҳои арзиши афзалиятнок мебошад. Идеяҳои беҳтарин бояд ба беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ,  усул ва низоми беӽтар намудани таъминоти маводҳо, дастраси ба хизматрасониӽои рушди хизматрасониҳои соҳибкори ва бозор, бунёди ва рушди робита байни истеҳсолкунанда ва корҳонаҳои таъминкунанда ва корхонаҳои коркард, таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа мусоидат намоянд.

Критерияи баҳодиҳи ба кори иштирокчиёни озмун:

Критерияҳои асосие, ки барои баҳодиҳии пешниҳодҳо истифода бурда мешаванд:

  1. Алоқамандии тиҷорат (шарики)-ии мавҷуда ва имконпазир (B2B, B2C) бо шумораи зиёди истеҳсолкунандагони хурд аз ҷумла занон ва ҷавонон;
  2. Таъмин намудани робитаи дутарафа бо истеҳсолкунандаи хурд оиди пешниҳоди хизматрасониҳои кишоварзи ва ғайри кишоварзӣ;  
  3. Доштани таҷриба ва имконияти ӽамкорӣ барои пешниӽоди хизматрасониӽо бо гуруҳҳои истеҳсолӣ, истеӽсолкунандагони хурд ва  таъминкунандагони маводӽои кишоварзӣ ғайри кишоварзӣ;
  4. Имконияти расонидани хизматрасониҳои машваратӣ (тавсияҳо, дастурҳо оиди муҳлат, намуд ва меъёри истифодаи маводҳои кишоварзӣ) барои истеӽсолкунандагони хурд, ки ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва беҳтар кардани сифати маҳсулот мусоидат мекунад;
  5. Барои ба даст овардани даромади иловагӣ ба гуруҳҳои истеҳсолӣ, истеӽсолкунандагони хурд аз ҳисоби зиёд шудани ҳосилноки, коркард, фуруш, пайвастшави ба таъминкунандаи маводҳои кишоварзи ғайри кишоварзӣ, шароит фароҳам оварад; 
  6. Хоҳиш ва имконияти маблағгузории иловагӣ дар васеъ намудан истеҳсолот, тадбиқ намудани навовари дар бизнеси худ дошта бошад, ки ба васеъ намудани ҳамкорӣ бо истеӽсолкунандагони хурд мусоидат намояд;
  7. Ба муҳити зист бояд ягон таъсироти манфӣ нарасад;
  8. Имконияти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дошта бошад;
  9. Пойдорӣ ва иловаи арзиш ба маҳсулоти силсилаи арзиш таъмин карда шавад.

 

Фаъолиятҳое, ки аз тарафи БҶИИМК дастгирӣ карда мешаванд:

  • Кумакҳои техникӣ оиди ҷорӣ намудан ва истифодаи технологияи нав, аз ҷумла ҷалби мутахассисон, ташкил намудаи омузиши соҳавӣ ва иштирок дар намоиши технологияҳои муосир;
  • Беҳтар кардани тахассуси кормандон тавассути ташкил намудани омузиш ва такмили ихтисос;
  • Кумак намудан дар беҳтар кардани идоракунии бизнес, тадбиқи системаи идоракунии автоматӣ;
  • Кумак намудан оиди беҳтар кардани саводнокии рақамӣ, аз ҷумла истифодаи интернет, коркарди сомонаи корхона, фуруши электронӣ (е-комерция), истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паӣёмрасонҳои иҷтимоӣ (соцсети и социальные мессенджеры);
  • Кумак намудан дар беҳтар кардани системаи ҳисобу китоб ва таӣёр намудани ҳисоботҳо, баҳисобгирии фуруши ҳарруза, даромад ва хароҷот ва муаӣян намудани фоидаи корхона;
  • Кумак намудан дар беҳтар кардани идоракунии захираҳои инсонӣ;
  • Иштирок намудан дар намоишҳои миллӣ ба ё баӣналмиллӣ ба мақсади бабозорпаӣвасткунӣ, ташкил намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва васеъ намудани бозори фуруш;
  • Ташкил намудани намоишҳо ва китъаҳои намоишӣ ба мақсади пешбурди технология ва дастовардҳои муосир миёни истеҳсолкунандагони хурд;
  • Дигар намуди фаъолиятҳое, ки ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва беҳтар кардани сифати он кумак намуда, барои васеъ намудани ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони хурд мусоидад хоҳад кард.
  • Дастгирии фаъолиятҳое, ки барои ташкил ва е васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти содирот мусоидат мекунанд.

 

Тартиби қабул кардани хуҷҷатҳои озмун:

       Ҳар як довталаб метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар лифофа  маҳкам (мӯҳр) кардашуда ё дар шакли электронӣ, то санаи муқарраргардида ба шахсони зерин пешкаш намоянд:

  • ш .Хуҷанд, хиёбони И. Сомони 203 «Б», (нишони «Халикбанк» ошёнаи 3 -юм): Урунов Голиб, телефон: 93 777 99 81; е-mail: urunov@akdn.org
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4: Хуҷаназарова Бибимисри, телефон: 93 699 25 19 е-mail:khujanazarova@akdn.org
  • ш. Кулоб, кӯчаи Худоер Назаров 8: Давлатмурод Қурбонов, телефон: 937770309; е-mail: dkurbonov@akdn.org
  • ш. Хоруғ кӯчаи Шириншо Шотемур 82: Замирова Моҳиолам, телефон: 934045604; е-mail zamirova.mohiolam@akdn.org
  • н. Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи И.Сомонӣ 73

Шахси масъул   Саидов Асрорудин, телефон  – 93 589-97-33; е-mail: asrordin.saidov@akdn.org

                          

 

Талаботҳо нисбати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

Барои иштирок дар озмун, ҳамаи иштирокчиён бояд  хуҷҷатхои зеринро пешниход намоянд:

  1. Варакаи дархост (анкета)
  2. Нусхаи шиноснома
  3. Нусхаи шаҳодатномаи соҳибкори ё корхона (агар дошта бошад)
  4. Бизнес накшаи муфассал оиди мудохилаи банакшагирифта шуда (агар омода бошад);

 

Варакаи дархост метавонед аз офисҳои дар боло қаӣд шуда дар ш. Душанбе, ш.Хуҷанд, ш.Кулоб, ва ш.Хоруғ дастрас кунед. Инчунин варақаи дархост дар сомонаи мазкур низ дастрас аст:

 

https://akdngva-my.sharepoint.com/:w:/g/personal/bibimisri_khujanazarova_akdn_org/Efg62MFamFVJmU9zjP8k_i0BNvUza98nwLFexNN4_Ip4hw?e=JQuMOq

 

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо соати 17:00 санаи 30 уми апрели соли 2023 мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

 

БҶМИИК  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва дар назди иштирокчиёни озмун  ягон ҷавобгарӣ надорад. Инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

One Comment

  1. ООО "Саидиен 16"

    Наша компания готова участвовать на данном мероприятие

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.