MSDSP

ЭЪЛОНИ OЗМУН ОИД БА ДАРЁФТИ МУТАХАССИС (ЗИРОАТКОР)

ЭЪЛОНИ OЗМУН ОИДИ БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТ ВА ИСТЕҲСОЛИ КИШОВАРЗИ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДОНИШ ВА МАЛАКАИ  КОРМАНДОНИ СОҲАИ КИШОВАРЗИ ВА МАШВАРАТЧИЁНИ ДЕҲА.

Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон” (БҶИИМК), ҳамчун лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон фаъолояти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз намуд.  Ҳоло, БҶИИМК дар ВМКБ, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои водии Рашт фаъолиятҳои рушди деҳотро пеш бурда истодааст. БҶИИМК бо шарикони давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкории зич дошта, барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон тавассути равнақ додани а) идоракунии самараноки муштарак, б) истеҳсолоти устувори кишоварзӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, в) хизматрасониҳои беҳтаршуда ва густаришёфтаи ҷамъиятӣ ва хусусӣ барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, саҳмгузорӣ намуда истодааст. 

МАЪЛУМОТ ОИДИ ЛОИҲА

Бунёди Оғохони Тоҷикистон ва шарикони амалисоз, аз қабили Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК), дар доираи барномаи Таъсири Маҳалли лоиҳаи дусола – Беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, устувории иқтисодӣ ва иқлимии ҷамоатҳо дар манотиқи куҳии вилояти Хатлон  тарҳрезӣ карданд, ки ноҳияҳои Ш. Шоҳин, Муминобод фаро мегирад. Ҳадафи умумии лоиҳа ин баланд бардоштани сифати зиндагӣ, амнияти озуқаворӣ ва ғизо тавассути пурқувват гардонидани идоракунии устувори захираҳои табиӣ дар манотиқи куҳии вилояти Хатлон мебошад. Барномаи мазкур як қисми Таъсири Маҳаллӣ (Local Impact (LI)) мебошад, ки ҳамчун ташаббуси муштарак аз ҷониби Бунёди Оғохон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҳамчун чаҳорчӯбаи инноватсионии таъсири пурмазмун ва устувор дар саросари Осиё ва Африқо таъсис дода шудааст, ки ҷамоатҳои маҳаллиро дар маркази рушд қарор медиҳад. Тавассути Таъсири маҳаллӣ, Бунёди Оғохон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) бо ҷамоатҳои дар канор монда ва осебпазир кор хоҳанд кард.

ҲАДАФИ УМУМӢ

 

Барои амалисозии зерфаъолиятҳои лоиҳа, БҶИИМК тасмим гирифтаст, ки шарики техники барои амали намудани зерфаъолиятҳои лоиҳа дар нисбати расондани хизматрасонии тахассуси пайдо намояд. Зерфаъолиятҳои лоиҳа дар вилояти Хатлон ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Муминобод амали мешаванд.

Номи лоиҳа: “Беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, эҷодӣ фазо ва устувории иқтисодии кишоварзӣ дар минтақаҳои куҳии дорои камчинии ғизоӣ дар вилояти Хатлон”.

Мавзуъи лоиҳа: Бунёди ҳамкориҳо оид ба гузаронидани тадқиқот, тайёр намудани дастурҳои омузиши, маводи аёни ва гузаронидани  омузиш дар мавзуъи “Методҳои амалии баланд бардоштани истеҳсоли зироатҳои гандум ва картошка, дар шароити тағъирёбии иқлим”.

Мақсад лоиҳа: Мусоидат дар баланд бардоштани дониши мутахассисони соҳаи зироаткори ва деҳқонони зироаткор дар доираи мавзуъи дар боло зикргардида, тавассути тарроҳи намудани маводи аёни (плакат, буклет, варақаҳо ва ғайра), маводи омузиши, гузарондани омузишҳо ва ба роҳ мондани тадқиқот.

 

Дар зери роҳнамоии Менечери лоиҳа, Менеҷери минтақави ва мутахассиси соҳаи кишоварзии лоиҳа дар сатҳи БҶИИМК, шарики техники зерфаъолиятҳои лоиҳаро ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои пешбинишудаи самарабахш ва самараноки тавассути таҳияи Шартномаи тарафайн амалӣ хоҳад кард.

 

УҲДАДОРИҲОИ ОМУЗГОР/ТРЕНЕР:

 

  1. Доштани қобилияти тайер намудани, маводи аёни, дастурҳои омузиши, гузарондани омузиш ва ба роҳ мондани тадқиқот дар мавзуъи лоиҳа.
  2. Пешниҳод намудани нақшаи фаъолиятҳо мутобиқи сметаи мувофиқатшуда ва дар муҳлатҳои муайяншуда иҷрои фаъолиятҳо;
  3. Тарроҳи намудани маводи аёни ба мисли плакат, баннер, буклет, варақаҳои маълумоти ва ғайра дар мавзуи баланд бардоштани истеҳсоли гандум ва картошка.
  4. Тарроҳи намудани маводҳо ва модулҳои омузиши мутобиқ ба мавзуи лоиҳа.
  5. Гузарондани омузиши тахассуси барои иштироккунандагон аз марказҳои таъминоти бехатарии озуқавори ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, барои машваратчиени деҳа, деҳқонон ва дигар шарикони барнома аз руи мавзуъҳои лоиҳа.
  6. Гузарондани тадқиқоти илмӣ-амалӣ оиди муайян намудани ҳосилнокии гандум ва картошка барои баланд бардоштани истеҳсоли зироатҳои нобаршуда дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа.
  7. Пешниҳод намудани тавсия оиди роҳҳои баланд бардоштани истеҳсоли гандум ва картошка дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа баъди гузарондани тадқиқот оиди мавзуи лоиҳа.
  8. Пешниҳод намудани фикру мулоизаҳо оиди пешбурди фондҳои гардишии гандум ва картошка, таҳкими робита байни соҳаи илм, истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва бозор.
  9. Ҳамкори намудан бо фондҳои гардишии гандум ва картошка оиди илман асоснок пешбурди соҳаи кишоварзи.
  10. Пешниҳод намудани ҳисоботҳои хатти оиди ҳар зерфаъолият баъди амали намудани фаъолиятҳои лоиҳа.
  11. Риоя намудани талаботҳои бехатарӣ ҳангоми татбиқи лоиҳа.

 

УҲДАДОРИҲОИ БҶИИМК:

 

  1. Аз руи иҷрои мақсади лоиҳа, шарики ғолибро ҳамчун шарики барномави дар мавсими соли 2023 интихоб менамояд;
  2. Расонидани мазмун ва ҳадафи лоиҳа барои шарики ғолиб оиди тадбиқи мақсадноки лоиҳа.
  3. Пардохт намудани ҳаққи хизматрасони мутобиқ ба буҷаи пешниҳодгардида ва тасдиқшуда дар мавзуи лоиҳа мутаноссибан аз руи ҷадвал бо руихати олимони аз руи хаҷми кории тасдиқгардида;
  4. Назорат намудани истифодабарии мақсадноки буҷа дар тамоми давраҳои иҷрои лоиҳа.
  5. Расондани кумакҳои техникӣ ва ташкил намудани омузишҳо, дастрас намудани маводҳои конселяри, таъмини ғизо ва ҷои хоб барои иштироккунандагони омузишҳо.

 

Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  дар чаҳорчӯбаи  лоиҳаи ” Фонди суръатбахшӣ: Беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, эҷоди фазо ва устувории иқтисодии кишоварзӣ дар минтақаҳои кӯҳии дорои камчинии ғизоӣ вилояти Хатлон”  корхонаю ташкилот ва мушовирони инфиродиро  барои иштирок дар озмуни  кушод  оид ба дарёфти мутахассис барои таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо барои  аъзоёни ФГМК (Фонди Гардиши Маводҳои Кишоварзӣ) дар вилояти  Хатлон, аз рӯи мавзӯъи зерин даъват менамояд:

 

Номгӯйи хизматрасонӣ/кор (мавзӯъи омӯзишҳо)

Миқдори рӯзҳои

Макони гузаронидан

 

1

Таҳия намудани маводи аёни, аз ҷумла плакат, буклет ва варақаҳо дар мавзуъи истеҳсол ва роҳҳои мубориза бо касалиҳои гандум ва картошка.

 

 

2

Таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо дар мавзӯъҳои:

 “Методҳои амалии баланд бардоштани истеҳсоли зироатҳои гандум ва картошка, дар шароити тағъирёбии иқлим”.

“Пешбурди фондҳои гардиши,  таҳкими робита байни соҳаи илм, истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва бозор”.

 4 руз ( ду рӯзӣ дар ду макон)

Вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ш. Шоҳин ва Муминобод.

3

Гузарондани тадқиқоти илмӣ-амалӣ оиди муайян намудани ҳосилноки ва роҳҳои баланд бардоштани истеҳсоли гандум ва картошка[1].

4 боздид аз 5 рузи (20 руз

Вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ш. Шоҳин ва Муминобод.

 

Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:

  • Маълумоти олӣ дар самти илмҳои кишоварзӣ, агрономия.  Доштани унвони илмӣ афзалият хоҳад дошт;
  • Малака ва таҷрибаи хуб дар самти коркарду таҳияи мавод (маводи аёни, дастурҳо, роҳнамо, модулҳо)-и омӯзиши амали;
  • Доштани таҷрибаи кори на камтар 5 сол дар рушди кишоварзи бо муасиссаҳои илмӣ тадқиқотӣ. Доштани таҷрибаи ғани оиди гузарондани омузиш ва тадқиқот дар бахши роҳҳои баланд бардоштани зироатҳои гандум ва картошка;
  • Олӣ донистани забони тоҷикӣ, доштани малакаи аълои навиштан, хондан ва гап задан бо забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
  • Маҳорати таҳияи дастур-модул барои гузаронидани омузиши амали дар самти гандум ва картошка.
  • Доштани фаҳмиш оиди устувории иқлим ва/ё мафҳумҳои алоқаманд;
  • Маҳорати пешниҳод намудани ҳисоботи хатти оиди фаъолиятҳои иҷрошуда

 

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

  • Мактуби таваҷҷӯҳӣ;
  • Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи хароҷотҳо барои таҳияи маводи аёни, гузаронидани омӯзиш ва таҳияи воситаҳо ва усулҳои такомули маҳоратҳо дар алоҳидагӣ барои ҳар як мавзӯъ;
  • Маълумот дар бораи шартҳо ва шакли пардохт;
  • Мӯҳлати иҷрои хизматрасонии  дархостшуда;
  • Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
  • Ҳолномаи (CV) – и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
  • Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (сертификати гузаронидани омӯзишҳо, дипломи маълумоти олӣ).

 

Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба роҳбари лоиҳа Назарбеков Аслишо, телефон: 93 582 72 68; е-mail: aslisho.nazarbekov@akdn.org  муроҷиат намоед.

 Ҳар як довталаб метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро дар лифофаҳои коғазини  маҳкам (мӯҳр) кардашуда то санаи муқарраргардида ба дафтари кории БҶИИМК дар ш. Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4  пешкаш намоянд ва ё пешниҳоди тиҷоратии худро дар шакли электронӣ ва ҳатман бо рамз ҳифзшуда ба почтаи электронии boqir.sabzaliev@akdn.org ирсол намоянд.

 

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо соати 17:00 санаи 27-уми Марти соли 2023 мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

 

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  10:00 санаи 28 -уми Марти соли 2023 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК  ба суроғаҳои дар болозикршуда барои иштирок дар раванди кушодани  лифофаҳо бо пешниҳодоти тиҷоратӣ,  даъват карда мешаванд.

 

Фонди Оғохон барои  иштирок дар тендер аз  ширкатҳое, ки аз ҷониби занон таъсис ёфтаанд ё роҳбарӣ карда мешаванд, истиқбол мекунад.

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

 

[1] Оиди шумораи рузҳо барои гузарондани тадқиқот бо ширкати ғолиб мушахас мешавад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.