ЭЪЛОНИ OЗМУН ОИДИ БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТ ВА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ЧОРВОДОРИ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДОНИШ ВА МАЛАКАИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЧОРВОДОРИ ВА МАШВАРАТЧИЁНИ ДЕҲОТ.
Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон” (БҶИИМК), ҳамчун лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон фаъолояти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз намуд. Ҳоло, БҶИИМК дар ВМКБ, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои водии Рашт фаъолиятҳои рушди деҳотро пеш бурда истодааст. БҶИИМК бо шарикони давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкории зич дошта, барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон тавассути равнақ додани а) идоракунии самараноки муштарак, б) истеҳсолоти устувори кишоварзӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, в) хизматрасониҳои беҳтаршуда ва густаришёфтаи ҷамъиятӣ ва хусусӣ барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, саҳмгузорӣ намуда истодааст.
МАЪЛУМОТ ОИДИ ЛОИҲА
Бунёди Оғохони Тоҷикистон ва шарикони амалисоз, аз қабили Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК), дар доираи барномаи Таъсири Маҳалли лоиҳаи дусола – Беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, устувории иқтисодӣ ва иқлимии ҷамоатҳо дар манотиқи куҳии вилояти Хатлон ва ВМКБ тарҳрезӣ карданд, ки ноҳияҳои Ш. Шоҳин, Муминобод, Шуғнон, Рушон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб фаро мегирад. Ҳадафи умумии лоиҳа ин баланд бардоштани сифати зиндагӣ, амнияти озуқаворӣ ва ғизо тавассути пурқувват гардонидани идоракунии устувори захираҳои табиӣ дар манотиқи куҳии вилояти Хатлон ва ВМКБ мебошад. Барномаи мазкур як қисми Таъсири Маҳаллӣ (Local Impact (LI)) мебошад, ки ҳамчун ташаббуси муштарак аз ҷониби Бунёди Оғохон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҳамчун чаҳорчӯбаи инноватсионии таъсири пурмазмун ва устувор дар саросари Осиё ва Африқо таъсис дода шудааст, ки ҷамоатҳои маҳаллиро дар маркази рушд қарор медиҳад. Тавассути Таъсири маҳаллӣ, Бунёди Оғохон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) бо ҷамоатҳои дар канор монда ва осебпазир кор хоҳанд кард.
ҲАДАФИ УМУМӢ
Барои амалисозии зерфаъолиятҳои лоиҳа, БҶИИМК тасмим гирифтаст, ки шарики техники барои амали намудани зерфаъолиятҳои лоиҳа дар нисбати расондани хизматрасонии тахассуси пайдо намояд. Зерфаъолиятҳои лоиҳа дар вилояти Хатлон ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Муминобод, дар ВМКБ ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Роштқалъа ва Мурғоб амали мешаванд.
Мавзуъи лоиҳа: Бунёди ҳамкориҳо оид ба гузаронидани тадқиқот, тайёр намудани дастурҳои омузиши, маводи аёни ва гузаронидани омузиш дар мавзуъи “Методҳои амалии баланд бардоштани маҳсулоти чорводорӣ (барои истеҳсоли шир), инчунин муайян намудани зироати хуроки чорвои серғизои маҳалли дар шароити тағирёбии иқлим”.
Мақсад лоиҳа: Мусоидат дар баланд бардоштани дониши мутахассисони соҳаи чорводори ва чорводорон дар доираи мавзуъи дар боло зикргардида, тавассути тарроҳи намудани маводи аёни (плакат, баннер буклет, дастур), маводи омузиши, гузарондани омузиш ва тадқиқот.
Дар зери роҳнамоии Менечери лоиҳа, Менеҷери минтақави ва мутахассиси соҳаи чорводории лоиҳа дар сатҳи БҶИИМК, шарики техники зерфаъолиятҳои лоиҳаро ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои пешбинишудаи самарабахш ва самараноки тавассути таҳияи Шартномаи тарафайн амалӣ хоҳад кард.
Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ” Фонди суръатбахшӣ: Беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, эҷоди фазо ва устувории иқтисодии кишоварзӣ дар минтақаҳои кӯҳии дорои камчинии ғизоӣ дар ВМКБ ва Хатлон” корхонаю ташкилот ва мушовирони инфиродиро барои иштирок дар озмуни кушод оид ба дарёфти мутахассис барои таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо ва тадқиқот дар ФГХЧ (Фонди Гардиши Хурокаи Чорво) дар вилояти Хатлон, аз рӯи мавзӯъи зерин даъват менамояд:
№ |
Номгӯйи хизматрасонӣ/кор (мавзӯъи омӯзишҳо) |
Миқдори рӯзҳои |
Макони гузаронидан |
1 |
Таҳия намудани маводи аёни, аз ҷумла плакат, буклет ва варақаҳо дар мавзуъи роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли шир. |
|
|
2 |
Таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо дар мавзӯъҳои: “Методҳои амалии баланд бардоштани маҳсулоти чорводорӣ (истеҳсоли шир), инчунин муайян намудани зироати хуроки чорвои серғизои маҳалли дар шароити тағирёбии иқлим”. “Пешбурди фондҳои гардиши, таҳкими робита байни соҳаи илм, истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва бозор”. |
4 руз ( ду рӯзӣ дар ду макон) |
Вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ш. Шоҳин ва Муминобод. |
3 |
Гузарондани тадқиқоти илмӣ-амалӣ оиди муайан намудани хурокаи маҳалли барои баланд бардоштани истеҳсоли шир[1]. |
3 боздид аз 10 рузи (30 руз) |
Вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ш. Шоҳин ва Муминобод. ВМКБ, н. Шуғнон, Рушон, Роштқалъа. |
Уҳдадориҳои тренер/омузгор:
- Доштани қобилияти тайер намудани, маводи аёни, дастурҳои омузиши, гузарондани омузиш ва бо роҳ мондани тадқиқот дар мавзуъи – Методҳои амалии баланд бардоштани маҳсулоти чорвои калони шохдор ва муайян намудани зироати хурокаи серғизои маҳалли (барои истеҳсоли шир) дар шароити тағирёбии иқлим”;
- Тарроҳи ва пешниҳод намудани нақшаи фаъолиятҳо мутобиқи сметаи мувофиқатшуда ва дар муҳлатҳои муайаншуда амаликунии барнома;
- Тарроҳи намудани маводи аёни ба мисли плакат, баннер, буклет, варақаҳои маълумоти ва ғайра оиди хурондан, нигоҳдори, роҳҳои мубориза бурдани алаиҳи касалиҳо ва дигар воситаҳои баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои шохдори калон (шир).
- Тарроҳи намудани расион барои чорвои калони шохдор дар асоси хурокаҳои мавҷудаи маҳалли барои баланд бурдани истеҳсоли шир.
- Тарроҳи намудани маводҳо ва модулҳои омузиши мутобиқ ба мавзуи дар боло зикршудаи лоиҳа.
- Гузарондани омузиши тахассуси барои иштироккунандагон аз марказҳои таъминоти бехатарии озуқавори ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, барои машваратчиени деҳа, чорводорон ва дигар шарикони барнома аз руи мавзуъҳои дар боло зикргардида.
- Гузарондани тадқиқоти илмӣ-амалӣ оиди муайан намудани хурокаи маҳалли барои баланд бардоштани истеҳсоли шир дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа.
- Баъди гузарондани тадқиқот оиди мавзуи лоиҳа пешниҳод намудани тавсия оиди хурондан чорвои шохдори калон барои баланд бардоштани истеҳсоли шир.
- Пешниҳод намудани фикру мулоизаҳо оиди пешбурди фондҳои гардишии хурокаи чорво, фондҳои гардишии чорводори ва таҳкими робита байни муасиссаҳои илми-тадқиқоти, истеҳсолкунандагони маҳсулоти чорводорӣ, яклухтфурӯшон, коркардкунандагон ва бозор.
- Ҳамкори намудан бо фондҳои гардишии хурокаи чорво оиди илман асоснок пешбурди бахши чарводорӣ.
- Гузарондани омузиш оиди технологияи муосир – гидропоника барои истеҳсоли хурокаи чорво, инчунин барои истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, асосан шир.
- Баъди амали намудани фаъолиятҳои лоиҳа пешниҳод намудани ҳисоботҳои хаттии ҷудогона оиди ҳар зерфаъолиятҳо.
- Итминон ҳосил менамояд, ки талаботҳои бехатарӣ ҳангоми татбиқи лоиҳа риоя карда мешаванд.
Уҳдадориҳои БҶИИМК:
- Аз руи иҷрои мақсади лоиҳа, шарики ғолибро ҳамчун шарики барномави дар мавсими соли 2023 интихоб менамояд;
- Расонидани мазмун ва ҳадафи лоиҳа барои шарики ғолиб оиди тадбиқи мақсадноки лоиҳа.
- Ҳаққи хизматрасони, ки мутобиқи буҷаи пешниҳодгардида ва тасдиқшудаи тарафайн дар мавзуи дар боло зикршудаи лоиҳа мутаноссибан аз руи ҷадвал бо руихати олимони аз руи хаҷми кории тасдидгардида пардохт менамояд;
- Назорат намудани истифодабарии мақсадноки буҷа дар тамоми давраҳои иҷрои лоиҳа ва дар як навбат нисбати иҷрои мақсадҳо дар иҷрои лоиҳа ҳиссагузории муносиб менамояд.
- Расондани кумакҳои техникӣ ва ташкил намудани омузишҳо, дастрас намудани маводҳои конселяри барои гузарондани омузишҳо.
Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:
- Маълумоти олӣ дар самти илмҳои зооинженерия, чорводори. Доштани унвони илмӣ афзалият хоҳад дошт;
- Малака ва таҷрибаи хуб дар самти коркарду таҳияи мавод (маводи аёни, дастурҳо, роҳнамо, модулҳо)-и омӯзиши амали;
- Ҳадди аққал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи чорводори, гузаронидани омӯзишҳои амалӣ;
- Олӣ донистани забони тоҷикӣ, доштани малакаи аълои навиштан, хондан ва гап задан бо забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
- Маҳорати таҳияи дастур-модул барои гузаронидани омузиши амали дар самти истеҳсоли шир.
- Маҳорати пешниҳод намудани ҳисоботи хатти оиди фаъолиятҳои иҷрошуда.
Дар пешниҳодоти тиҷоратӣ мавҷудияти маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
- Мактуби таваҷҷӯҳӣ;
- Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи хароҷотҳо барои таҳияи маводи аёни, гузаронидани омӯзиш ва таҳияи воситаҳо ва усулҳои такомули маҳоратҳо дар алоҳидагӣ барои ҳар як мавзӯъ;
- Маълумот дар бораи шартҳо ва шакли пардохт;
- Мӯҳлати иҷрои хизматрасонии дархостшуда;
- Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
- Ҳолномаи (CV) – и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
- Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (сертификати гузаронидани омӯзишҳо, дипломи маълумоти олӣ).
Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба роҳбари лоиҳа Назарбеков Аслишо, телефон: 93 582 72 68; е-mail: aslisho.nazarbekov@akdn.org муроҷиат намоед.
Ҳар як довталаб метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро дар лифофаҳои коғазини маҳкам (мӯҳр) кардашуда то санаи муқарраргардида ба дафтари кории БҶИИМК дар ш. Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4 пешкаш намоянд ва ё пешниҳоди тиҷоратии худро дар шакли электронӣ ва ҳатман бо рамз ҳифзшуда ба почтаи электронии boqir.sabzaliev@akdn.org ирсол намоянд.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо соати 17:00 санаи 28-уми Марти соли 2023 мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.
Диққат! Иштирокчиёни озмун соати 14:00 санаи 29 -уми Марти соли 2023 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК ба суроғаҳои дар болозикршуда барои иштирок дар раванди кушодани лифофаҳо бо пешниҳодоти тиҷоратӣ, даъват карда мешаванд.
Фонди Оғохон барои иштирок дар тендер аз ширкатҳое, ки аз ҷониби занон таъсис ёфтаанд ё роҳбарӣ карда мешаванд, истиқбол мекунад.
Ташкилот-Фармоишгар ҳуқуқи қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ дар назди Иштирокчиёни тендер ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба онҳо дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва қарори қабул кардааш низ ӯҳдадор нест.
[1] Оиди шумораи рузҳо барои гузарондани тадқиқот бо ширкати ғолиб мушахас мешавад.