Поделиться в facebook
Поделиться в twitter
Поделиться в linkedin
Поделиться в print
Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ТРЕНЕР

 

 
 
  Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон                        

 

              ЭЪЛОНИ ОЗМУН  БАРОИ  ИНТИХОБИ ТРЕНЕР      Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Фонди Оғохон оид ба рушди деҳот, ки дар чахор минтақаҳои Тоҷикистон кору фаъолият карда зиеда аз 1,600 деҳа/маҳалла – ро дар бар мегирад. БҶИИМК аз тарафи маблағгузорони гуногун дастгирӣ ёфта, дар самти беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар деҳоти Точикистон тавассути равнақ додани i) идоракунии самараноки муштарак ба воситаи рушди институтсионалии ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ii) интенсификатсияи пойдори соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии замин, iii) хизматрасониҳои беҳшуда ва густаришёфтаи ҷамъиятӣ ва iv) хизматрасониҳои хусусӣ барои рушди иҷтимоӣ-иктисодӣ, мухити зист ва экология, саҳмгузорӣ намуда истодааст.   “Таъсири Маҳаллӣ” ин иқдоми муштараки Фонди Оғохон ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Рушди Байналхалқӣ мебошад. Ин иқдом як чорчуби инноватсионӣ барои таъсиригузорӣ дар саросари Осиё ва Африқо мебошад, ки ҷомеаҳои маҳаллиро дар маркази рушд қарор медиҳад. Ҳадафи лоиҳа дар Тоҷикистон аз баланд бардоштани эътимоди аҳоли ба занон, мардон, духтарон, писарон ва ҷомеаҳои онҳо мебошад. Барнома дар ҳамкории зич бо сохторҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамоатҳои канормонада ва осебпазир ба хотири 1) рушди шомили иқтисодӣ (2) беҳтар намудани инфрасохтор ва дастрасӣ ба хидматҳои аввала ба мисоли энергияи таҷдидшаванда, (3) баланд бардоштани зарфияти шаҳрвандон ва муассисаҳои маҳаллӣ; ва (4) мусоидат ба гуногунандешӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ фаъолият менамояд.     Дар доираи лоиҳаи “Таъсири Маҳаллӣ” БҶИИМК омӯзиши кумаки техникӣ дар мавзӯьхои зерини қайдшуда барои намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ташкил менамояд. Мақсади асосии ин омӯзиш ин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои соҳибкорони соҳаи сохтмонӣ дар соҳаи молия мебошад. Дар доираи ин омӯзиш БҶИИМК тренерон ва е мушовирони инфиродиро барои иштирок дар озмуни кушод оид ба таҳияи маводи таълимӣ ва гузаронидани омӯзиш барои соҳибкорон аз ширкатҳои сохтмонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват менамояд.  

Номгӯйи хизматрасонӣ/кор (мавзӯъи омӯзишҳо) Миқдори рӯзҳои омӯзиш Макони гузаронидан
  1.   Нақшаи молиявӣ ·     Нархгузории хидматҳо фурӯхта шаванда ·     Хароҷоти амалиётӣ / асосӣ ·     Амортизатсия (ҷадвали амортизатсия) ·     Таҳлили баробарӣ ·     Ҳисоботи фоида ва зиён ·     Тавозун ·     Ҳисобот оид ба гардиши пул ·     Андозҳо (андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад) ·     Баҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ бо фондҳои ҳифзи иҷтимоӣ ·     Баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолӣ 2.   Таҳлили молиявӣ барои ширкатҳои сохтмонӣ 2-3 ВМКБ, Хоруғ

  Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:

  • Маълумоти олӣ дар самти идоракунии бизнес, мухосибот ва аудит, идоракунии молияви ва маркетинг   
  • Малака ва таҷрибаи хуб дар самти идоракунии бизнес ва саводхои молиявию маркетинг;
  • Таҷрибаи ҳадди аққали 2-сол дар соҳаи молия ва маркетинг
  • Таҷриба дар гузаронидани тренингҳо ва сессияҳо оид ба мазуьхои номбаршуда (дастурот, роҳнамо, модулҳо);
  • Донистани забони тоҷикӣ.

  Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба роҳбари лоиҳа дар ш. Хоруғ Алимард Шерамардов  (е-mail: alimard.sheramardov@akdn.org) телефон: 93 579 19 96 муроҷиат намоед.        Ҳар як довталаб метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар лифофаҳои коғазини  маҳкам (мӯҳр) кардашуда, то санаи муқарраргардида ба дафтарҳои кории БҶИИМК  ба суроғаҳои зерин пешниҳод намоянд: дар ш. Хоруғ кӯчаи  Ленина 62 бинои БҶИИМК 82 ошёнаи 2 ва дар ш. Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4 ба шахсони зерин пешкаш намоянд:

      Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

  • Мактуби таваҷҷӯҳӣ;
  • Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи ҳаққи хизмат барои гузаронидани як омӯзиш ва таҳияи  воситаю усулҳои такомули маҳоратҳо;
  • Маълумот дар бораи шартҳо, мӯҳлат ва шакли пардохт;
  • Мӯҳлати иҷрои хизматрасонии дархостшуда;
  • Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
  • Ҳолномаи (CV) – и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
  • Маълумот дар бораи мавҷудияти таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо/тренинг ва таҳияи маводҳои таълимӣ;
  • Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (дипломи маълумоти олӣ,  шаҳодатномаи омӯзишҳо).

  Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо : то соати 13.00  25-уми августи соли 2021 мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  14.00 санаи  25-уми августи соли 2021 барои иштирок дар раванди кушодани  пешниҳодоти тендерӣ  тариқи онлайн тавассути Skype  даъват карда мешаванд.

БҶИИМК  аз иштироки занон дар озмун истиқбол мекунад.

  Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест.   

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.