MSDSP

ЭЪЛОНИ ОЗМУН  БАРОИ  ИНТИХОБИ ТРЕНЕР

ЭЪЛОНИ ОЗМУН  БАРОИ  ИНТИХОБИ ТРЕНЕР

  

Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Фонди Оғохон оид ба рушди деҳот, ки дар чахор минтақаҳои Тоҷикистон кору фаъолият карда зиеда аз 1,600 деҳа/маҳалла – ро дар бар мегирад. БҶИИМК аз тарафи маблағгузорони гуногун дастгирӣ ёфта, дар самти беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар деҳоти Точикистон тавассути равнақ додани  идоракунии самараноки муштарак ба воситаи рушди институтсионалии ҷомеъаи шаҳрвандӣ, интенсификатсияи пойдори соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии замин, хизматрасониҳои беҳшуда ва густаришёфтаи ҷамъиятӣ ва хизматрасониҳои хусусӣ барои рушди иҷтимоӣ-иктисодӣ, мухити зист ва экология, саҳмгузорӣ намуда истодааст.

 

Фонди Оғохон бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар ҳудуди 3 ноҳияҳои вилояти Хатлон лоиҳаи “Рушди агробизнес дар Тоҷикистон”-ро татбиқ мекунад. Ҳадафи асосии лоиҳа ин беҳтар намудани вазъи таъминоти амниятӣ озуқаваорӣ таввасути рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Вазифаҳои тибқи лоиҳа гузошташуда тавассути таъмин намудани деҳқонон ба маводҳои босифати кишоварзӣ, ба монанди тухмӣ ва нуриҳои минералӣ, анҷом додани сохтмони инфрасохтори кишоварзӣ аз қабили анборхонаҳо ва инчунин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кишоварзон иҷро карда хоҳанд шуд.    

    

Дар доираи лоиҳаи мазкур ба деҳқонон зиёда аз 400 тонна маводҳои кишоварзӣ (тухмӣ ва нириҳо) дастрас карда шуд. Барои таъмини устувории гардиш ва истифодабарии маводҳо дар ҳудуди 3 ноҳия 9 Фонди Гардиши Маводҳои Кишоварзӣ (ФГМК) таъсис дода шуданд, ки ҳар яки онҳо аъзоён (деҳқонон) ва сохтори идоракунандаи худро доранд. Барои идоракунии самараноки ФГМК-ҳо дар чорчӯбаи лоиҳа омӯзишҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи роҳбарон ва аъзоёни ФГМК ба нақша гирифта шудааст. Яке аз ин омӯзишҳо барои рушд додани малакаи соҳибкории роҳбарон ва фаъолони ФГМК бахшида хоҳад шуд, зеро, ки барои фааъолияти мустақил ва устувори фонд баъди итмоми лоиҳа маҳз қобилият ва малакаи соҳибкорӣ таҳкурсии зарурӣ хоҳад гузошт. Бинобарин, БҶИИМК тренерон ва шиккатҳоро  барои иштирок дар озмуни кушод оид ба таҳияи маводи таълимӣ ва гузаронидани омӯзиш аз рӯи мавзӯъи зерин даъват менамояд:

 

Номгӯйи хизматрасонӣ/кор (мавзӯъи омӯзишҳо)

Миқдори рӯзҳои омӯзиш

Макони гузаронидан

 

1

Таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо дар мавзӯъи       “Рушд додани малакаи соҳибкории роҳбарони “Фондҳои Гардиши Маводҳои Кишоварзӣ” аз рӯи зермавзӯъҳои зерин:

1.       Барқарор намудани робитаи тиҷоратии самаранок бо таъминкунандагон ва харидорони маводу маҳсулоти кишоварзӣ ва банақшагирӣ ва идоракунии амалиёти харид.

2.       Арзёбии бозор, стратегияи пешбарӣ ва фурӯши мавод ва маҳсулоти кишоварзӣ.

 3 руз ( як рӯзӣ дар се макон)

Вилояти Хатлон, ноҳияҳои Хуросон, Шаҳритус ва Қубодиён.

 

Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ ё идоракунӣ (идоракунӣ, идоракунии молиявӣ, маркетинг, ва ғ.).
  • Малака ва таҷрибаи хуб дар самти дастгирии соҳибкорон, таҳияи бизнес-план;
  • Таҷрибаи ҳадди ақал 2 сол дар гузаронидани тренингҳо ва сессияҳо оид ба рушди малакаи соҳибкорӣ (дастурот, роҳнамо, модулҳо);
  • Донистани забони тоҷикӣ.

 

Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба роҳбари лоиҳа Хуҷаназарова Бибимисри, телефон: 93 508 3000; е-mail: behruz.dadoboev@akdn.org  муроҷиат намоед.

Ҳар як довталаб метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар лифофаҳои коғазини  маҳкам (мӯҳр) кардашуда то санаи муқарраргардида ба дафтари кории БҶИИМК дар ш. Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4, ва ш.Кулоб к. Х.Назаров 8  ба шахсони зерин пешкаш намоянд ва ё пешниҳоди тиҷоратии худро дар шакли электронӣ ва бо рамз ҳифзшуда ба почтаҳои электронии boqir.sabzaliev@akdn.org ё behzod.hukmov@akdn.org ирсол намоянд.

 

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

  • Мактуби таваҷҷӯҳӣ;
  • Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи ҳаққи хизмат барои гузаронидани як омӯзиш ва таҳияи воситаю усулҳои такомули маҳоратҳо;
  • Маълумот дар бораи шартҳо, мӯҳлат ва шакли пардохт;
  • Мӯҳлати иҷрои хизматрасонии дархостшуда;
  • Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
  • Ҳолномаи (CV) – и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
  • Маълумот дар бораи мавҷудияти таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо/тренинг ва таҳияи маводҳои таълимӣ;
  • Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (дипломи маълумоти олӣ, шаҳодатномаи омӯзишҳо).

 

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо соати 17:00 санаи 12-уми октябри соли 2022 мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

 

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  14:00 санаи 13 -уми октябри соли 2022 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК  ба суроғаҳои дар болозикршуда барои иштирок дар раванди кушодани  лифофаҳо бо пешниҳодоти тиҷоратӣ,  даъват карда мешаванд.

 

Фонди Оғохон барои  иштирок дар тендер аз  ширкатҳое, ки аз ҷониби занон таъсис ёфтаанд ё роҳбарӣ карда мешаванд, истиқбол мекунад.

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.