Поделиться в facebook
Поделиться в twitter
Поделиться в linkedin
Поделиться в print
Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Фонди Оғохон

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ТРЕНЕР

 

ЭЪЛОНИ ОЗМУН  БАРОИ  ИНТИХОБИ ТРЕНЕР

 

Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Фонди Оғохон оид ба рушди деҳот, ки дар чахор минтақаҳои Тоҷикистон кору фаъолият карда зиеда аз 1,600 деҳа/маҳалла – ро дар бар мегирад. БҶИИМК аз тарафи маблағгузорони гуногун дастгирӣ ёфта, дар самти беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар деҳоти Точикистон тавассути равнақ додани i) идоракунии самараноки муштарак ба воситаи рушди институтсионалии ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ii) интенсификатсияи пойдори соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии замин, iii) хизматрасониҳои беҳшуда ва густаришёфтаи ҷамъиятӣ ва iv) хизматрасониҳои хусусӣ барои рушди иҷтимоӣ-иктисодӣ, мухити зист ва экология, саҳмгузорӣ намуда истодааст.

 

Мақсади лоиҳаи Камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ ин беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва ғизогирии кӯдакон дар ҷамоатҳои деҳотҳои дурдасти аз сатҳи баҳр баланд, ки  системаи заифи агро-экологӣ доранд. Ин ҳадафи умумиҷаҳонӣ тавассути беҳтар намудани дастрасии озуқавории маҳалии хӯроквории маҳаллӣ ва беҳбудии вазъи ғизоии кӯдакони хурдсол ва занони ҳомиладор дар деҳоти зерҳадаф ба даст оварда мешавад.

 

Яке аз чунин роҳҳо, ин дастгирӣ намудани хоҷагиҳо бо маводҳои кишт, бо мақсади оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва гуногункунонии ғизои онҳо мебошад. Мақсади асосии ин фаъолият барои дастгирии хоҷагиҳои камбизоат барои дастрасӣ ба мева ва сабзавоти тоза мебошад. Бо ин мақсад БҶИИМК дар ҳамкорӣ бо Хадамоти Оғохон оид ба Тандурустӣ дар ин деҳаҳо омузишҳо оиди аҳамияти сабзавот барои саломатии инсон гузаронда истодааст ва дуруст тайёр кардани ғизо аз сабзавот барои хоҷагиҳо дар амал нишон дода истодааст. Ин ба он оварда расондааст, ки дар ҳоли ҳозир хоҷагиҳо аҳамияти сабзавотро хуб дарк кардаанд ва хоҳиши худашон истеҳсол кардани онро доранд. Аз ин лиҳоз, дар доираи лоиҳаи мазкур дар ҷамоатҳои дурдасти зерҳадафи барнома Сежд, Зонг, Ванқалъа ва Савноб сохтмони 64 адад гармхонаҳои поликарбонатӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ин гармхонаҳо асосан барои хоҷагиҳои осебпазир пешбинӣ шудаанд,ки мақсади он таъмини хонаводаҳояшон бо сабзавот ва инчунин гирифтани даромади иловагӣ аз фуруши маҳсулоти он ба ҳисоб меравад.

 

Чун на ҳамаи хоҷагиҳо тарзи парвариши сабзавот дар гармхона доранд, мутахасисони лоиҳа тасмим гирифтанд,ки омузиш оиди парвариши сабзавот дар гармхонаҳои поликарбонатӣ дар шароити баландкӯҳи Помир гузаронанд. Дар умум 10 омузиш гузаронда мешавад, ва он деҳаҳои Морҷ, Имом, Шазуди ҷамоати Ванқалъа, деҳаҳои Советобод, Шошбувад ва Ҷавшангози ҷамоати Сежд, деҳаи Лангари ҷамоати Зонг, деҳаҳои Пасор ва Бопасори ҷамоати Савноб ва деҳаи Булункули ҷамоати Аличорро дар бар мегирад.

 

Мақсади асосии ин омӯзиш, баланд бардоштани сатҳи дониш оиди парвариши сабзавот дар гармхонаҳои поликарбонатӣ мебошад. Омӯзиш як руза буда, аз ду қисм иборат мебошад: қисми якуми рӯзи омӯзиш барои фаҳмондадиҳии мавзӯҳои ассосӣ ва нимаи рузи дигари омӯзиш қисми таҷрибавӣ, кор дар гармхона мебошад

 

Номгӯйи хизматрасонӣ/кор (мавзӯъи омӯзиш) Миқдори рӯзҳои омӯзиш Шумораи умумии оӯзиш Макони гузаронидани оӯзиш
  Мавзӯҳои ассосӣ

·       Гармхона ва намудҳои он

·       Интихоби ҷой ва сохтмони гармхона

·       Тарзи интихоби тухмӣ

·       Омода намудани хок барои кишти тухмӣ

·       Омода намудани тухмӣ барои кишт

·       Усулҳои кишти тухмии сабзавот

·       Тайёр намудани кучат, ниҳолии сабзавот

·       Шинондани кучат и сабзавот дар ҷои доимӣ

Намоиш оиди кишти кучат сабзавот дар гармхона

1 10 Деҳаҳои Морҷ, Имом, Шазуди ҷамоати Ванқалъа, Советобод, Шошбувад ва Ҷавшангози ҷамоати Сежд, Лангари ҷамоати Зонг, деҳаҳои Пасор ва Бопасори ҷамоати Савноб ва Булункули ҷамоати Аличор

 

Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:

  • Маълумоти олӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
  • Таҷрибаи кории зиёда аз 3 сол дар парвариши сабзавот дар гармхона
  • Дорандаи сертификат барои гузаронидани омузишҳо дар мавзуи парвариши сабзавот дар гармхонаҳо
  • Таҷриба дар гузаронидани омузишҳо ва сессияҳо дар соҳаи кишоварзӣ
  • Маҳорати таҳияи дастур-модул барои гузаронидани омузиш оиди парвариши сабзавот дар гармхона
  • Дониши хуби забони тоҷикӣ

 

Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба роҳбари лоиҳа дар ш. Хоруғ Сабоҳат Аҳмадхонова  (е-mail: sabohat.ahmadkhonova@akdn.org) телефон: 93 548 38 42 муроҷиат намоед.

         Ҳар як довталаб метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар лифофаҳои коғазини  маҳкам (мӯҳр) кардашуда, то санаи муқарраргардида ба дафтарҳои кории БҶИИМК  ба суроғаҳои зерин пешниҳод намоянд: дар ш. Хоруғ кӯчаи  Шириншох Шохтемур 82 ва ш. Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4 ба шахсони зерин пешкаш намоянд:

  • Дар ш.Хоруғ– Нилуфар Шодибекова, телефон: 935797988; е-mail: nilufar.shodibekova@akdn.org
  • Дар ш. Душанбе – Шосафед Таибов, телефон: 937705077;  е-mail: taibov@akdn.org

 

 

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

  • Мактуби таваҷҷӯҳ;
  • Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи ҳаққи хизмат барои гузаронидани як омӯзиш ва нархи таҳияи дастурамал-модул барои гузаронидани омузиш оиди парвариши сабзавот дар гармхона.
  • Маблағи хароҷоти  
  • Лоиҳаи дастурамал-модул барои гузаронидани омузиш аз рӯи мавзӯҳои талабшуда;
  • Мӯҳлати иҷрои хизматрасонии дархостшуда;
  • Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
  • Ҳолномаи (CV) – и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
  • Маълумот дар бораи мавҷудияти таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо/тренинг ва таҳияи маводҳои таълимӣ;
  • Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (дипломи маълумоти олӣ,  шаҳодатномаи омӯзишҳо).

 

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо : то соати 13.00 санаи 27-уми августи соли 2021 мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

 

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  14.00 санаи  27-уми августи соли 2021 барои иштирок дар раванди кушодани  пешниҳодоти тендерӣ  тариқи онлайн тавассути Skype  даъват карда мешаванд.

БҶИИМК  аз иштироки занон дар озмун истиқбол мекунад.

 

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни озмуни кушода  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

 

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.