MSDSP

Дастраскунии ниҳоли дарахтҳои мевадиҳанда – Муъминобод

 

ДАЪВАТНОМА  БАРОИ  ИШТИРОК  ДАР  ТЕНДЕР

(дастрас кардани ниҳолии дарахтони мевадиҳанда)

 

     Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  дар доираи амалисозии  барномаи БОҶ ­­ “Устувории ҷомеаҳои осебпазир ва аз нигоҳи озуқаворӣ ноамн ба пайомадҳои иқлимӣ ва гуногунсозии воситаҳои зиндагӣ дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон” дар нохияи Муминободи вилояти Хатлон, ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок дар тендер барои барои харидорӣ ва дастраскунии ниҳоли дарахтҳои мевадиҳанда  даъват менамояд.

 

Рӯйхат, шумора ва таснифот (классификация)- и пурраи ниҳолҳои харидоришаванда дар ҷадвали зерин нишон дода шудааст:

 

№ п/п Номгуи ниҳолҳо Таснифоти ниҳолҳо Воҳ.ченак Шумораи нихолон ҳамагӣ Макони дастраскунӣ аз руи чамоатҳои н.Муминобод
Чамоат

Н. Назаров  

Чамоати Дехибаланд  
1 Себ Навъ: Ренет Смиренко. Ниҳолҳои дусола; Ғафсии тана – 1.5 – 2.0 см; Баланди 1.2 – 1.6 м; Дар ҳар як халтаи алоҳида 20 нихол ва барои ҳар навъ халтахо бо ранги алоҳида бастабандӣ карда шаванд. ниҳол 2805  

1695

       

 

1110

                     

2 Себ Навъ: Старий крепсон. Ниҳолҳои дусола; Ғафсии тана – 1.5 – 2.0 см; Баланди 1.2 – 1.6 м; Дар ҳар як халтаи алоҳида 20 нихол ва барои ҳар навъ халтахо бо ранги алоҳида бастабандӣ карда шаванд. ниҳол 3421  2781  640    
3 Себ Навъ: Голден Делишес. Ниҳолҳои дусола; Ғафсии тана – 1.5 – 2.0 см; Баланди 1.2 – 1.6 м; Дар ҳар як халтаи алоҳида 20 нихол ва барои ҳар навъ халтахо бо ранги алоҳида бастабандӣ карда шаванд. ниҳол 2102 1678   424    
4 Нок Навъ: Оливъе де Серр/ Лесная красавица/Кюре/ Любимая клаппа.  Ниҳолдҳои дусола; Ғафсии тана – 1.5 – 2.0 см; Баланди 1.2 – 1.6 м; Дар ҳар як халтаи алоҳида 20 нихол ва барои ҳар навъ халтахо бо ранги алоҳида бастабандӣ карда шаванд.. нихол 2832 1152 1680
5 Зардолу Навъ: Ахрори/Бобои/Субхони/ Хурмои/ Мирсанчали. Ниҳолњои дусола; Ғафсии тана – 1.5 – 2.0 см; Баланди 1.2 – 1.6 м; Дар ҳар як халтаи алоҳида 20 нихол ва барои ҳар навъ халтахо бо ранги алоҳида бастабандӣ карда шаванд. нихол 310 150 160
6 Шафторлу Навъ: Негритянка/Дайберои сиёх. Ниҳолхои дусола; Ғафсии тана – 1.5 – 2.0 см; Баланди 1.2 – 1.6 м; Дар ҳар як халтаи алоҳида 20 нихол ва барои ҳар навъ халтахо бо ранги алоҳида бастабандӣ карда шаванд. нихол 110 40 70
7 Сиёхолу Ниҳолхои дусола; Ғафсии тана – 1.5 – 2.0 см; Баланди 1.2 – 1.6 м; Дар ҳар як халтаи алоҳида 20 нихол ва барои ҳар навъ халтахо бо ранги алоҳида бастабандӣ карда шаванд. нихол 150 50 100
8 Гелос Навъ: Элберт. Ниҳолњои дусола; Ғафсии тана – 1.5 – 2.0 см; Баландӣ 1.2 – 1.6 м; Дар ҳар як халтаи алоҳида 20 нихол ва барои ҳар навъ халтахо бо ранги алоҳида бастабандӣ карда шаванд. нихол 1662 1324 338
9 Ангур Навъ: Тойфии сафед (white), тойфии сурх (red), тойфии гулоби (pink), кишмиши сиёх (black); нихолхои 2–3  сола; Нихолхои решадор; баландӣ аз 30 – 40 см. Дар ҳар як халтаи алоҳида то 20 нихол ва барои ҳар навъ халтахо бо ранги алоҳида бастабандӣ карда шавад. нихол 4850 50 4800

Эзоҳ: Макони дастраскунӣ маркази ҷамоъати деҳоти Н. Назаров ва ҷамоъати деҳоти Деҳибаланди н. Муминободи вилояти Хатлон.  

 

Шахси масъул оиди эзоҳдиҳии ҳуҷҷатҳои тендерӣ

Хаким Назипов, телефон: ;  937000962 е-mail: Hakim.Nazipov@akdn.org

 

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

 

  1. Мактуби ҳамроҳ бо нишон додани маълумотҳои зерин:

а) Нархномаи умумӣ (бо сомони);

б) Мӯҳлати дастраскунӣ;

в) Макони дастраскунӣ;

г) Мӯҳлати амали нархнома

д) Шарт ва мӯҳлати пардохт

е) Мӯҳлати кафолат барои ниҳолҳо/тухмӣ

 

  1. Пешниҳоди тиҷоратӣ бо нишон додани маълумотҳои зерин дар он:

а) Номгуй, навъ ва таснифоти мушаххаси ниҳолҳо  бо нархи ҳар як воҳиди он.

б) Нархи умумии  ниҳолҳо бо назардошти таҳвили он то макони талабшуда.

в) Маълумот дар бораи АИИ дар нархи мол/мавод (агар ширкат пардохткунандаи АИИ бошад, дар сатри алоҳида баъди нишон дода шавад)

г) Давлат, ширкат ё хоҷагии парвариш/истеҳсолкунандаи  ниҳол.

д) Нусхаи сертификати навъ ва сифати  ниҳолӣ/маҳсулот  

 

  1. Маълумот оид ба таҷрибаи корхона дар соҳаи хариду фурӯши ниҳол/маводҳои ҳаммонанд
  2. Тавсияномаҳо аз шарикон.
  3. Маълумотнома аз кумитаи андоз оиди надоштани қарздорӣ (барои моҳи охирони ҳисоботӣ)
  4. Маълумотнома аз бонк оиди доштани суратҳисоб.
  5. Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки мақоми молтаъминкунандаро тасдиқ мекунад (нусхаи Шаҳодатнома, Иқтибос, Патент, РМА ва ғайра)
  6. Суроға, телефон ва почтаи электронии соҳибкорон ширкатҳои дар тендер иштироккунанда.

 

  1. Дигар шартҳои тендер:
  • Саривақт дастрас кардани ниҳолҳо мувофиқ ба мавсими ниҳолшинонӣ дар макони таъиншуда ва мӯҳлати талабкардаи БҶИИМК.
  • Нусхаи оинномаи хоҷагии ниҳолпарварӣ.
  • Сертификати хадамоти карантини растаниҳо оиди безараргардонӣ
  • Иштирокчии тендер бояд сиёсати ташкилот/давлати маблағгузорро вобаста ба таҳримҳои амалкунанда риоя намояд.

 

Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва  ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.

 

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то санаи 02-юми  феврали соли 2023 соати 17:00  мебошад. Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд мувофиқи талаботи тендерӣ  дар лифофаи мӯҳршуда омода шуда ба дафтарҳои кории БҶИИИМК  дар суроғаи  ш. Кулоб,   кӯчаи Х.Назаров 8  ё  ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4-ум ба шахсони  дар поён зикршуда пешниҳод карда шавад. Дархостҳое, ки аз муҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

 

Шахсони масъул барои пешниҳод ва  қабули  ҳуҷҷатҳои тендерӣ:

Дар ш. Кулоб: – Ҳукмов Беҳзод ва дар ш. Душанбе:- Сабзалиев Боқир

 

Диққат!   Кушодани  пешниҳодоти тендерӣ санаи 06-уми  феврали соли 2023 соати 14.00  дар суроғаҳои дар боло нишондодашуда баргузор мешавад. Шумо метавонед, ки бевосита ё  тариқи онлайн тавассути Skype дар маҷлиси тендерӣ иштирок намоед. 

 

Фонди Оғохон барои  иштирок дар тендер аз  ширкатҳое, ки аз ҷониби занон таъсис ёфтаанд ё роҳбарӣ карда мешаванд, истиқбол мекунад.

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.