MSDSP

Дастгирӣ намудани идеяҳои беҳтарини занони сохибкор ва чавонон

ОЗМУН

Дастгирӣ намудани идеяҳои беҳтарини занони сохибкор ва чавонон тавассути  “Лоиҳаи дастгирии воситахои  хамгироишуда” бо дастгирии  молиявии   Сафорати Нидерландия

Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Кўҳистон” (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои водии Рашт дар зиёда аз 1,600 деҳа/маҳалла фаъолиятҳои рушди деҳотро пеш бурда истодааст. БҶИИМК дар доираи лоиҳаи  “Лоиҳаи дастгирии воситахои  хамгироишуда“ ки баҳри равнак додани сохибкории хурду миена, ки аз тарафи сохибкорзанон  ва чавонон дар шахри Хоруг ва нохияхои Шугнон ва Рошткалъаи ВМКБ амалӣ карда мешаванд,  озмун эълон менамояд:

Мақсади озмун: 

Мақсади озмун ин пайдо намудани идеяхои фаъолияти сохибкорие, ки баҳри рушди сохаи кишоварзӣ (истeхсол, коркард ва банду басти махсулоти кишоварзӣ) рушди сохаи сайёхӣ, рушди барвақтии кудак,  хунархои мардумӣ, истифода ва пешбурди технологияи нав ва ё соҳаҳои дигар равона шуда  мебошад.

 

Талаботҳои озмун:

Барои пешбурди кори озмун кумитаи тадорукотӣ (комиссия) дар сатҳи минтақа ташкил карда мешавад, ки идеяхои пешниходшударо арзеби мекунад. 

Озмун дар ду давр гузаронида мешавад:

Дар даври якум кумитаи тадорукотӣ ҳамаи дархостҳоро, ки дар шакли анкета (саволнома) пешниход шудаанд дида мебарояд ва барои марҳилаи дуюм аз миёни дархостҳо беҳтаринҳоро, ки бо талаботхои лоиҳа мувофиқ ҳастанд интихоб мекунад.

Дар натиҷа довталабони муваффақ дар алоҳидагӣ барои муаррифии бизнеснакшаҳо ба кумитаи тадорукотӣ ба даври дуюм даъват карда мешаванд ва баъд аз он номгӯи ғолибон муайян карда мешаванд.

Бартарият ба  ҷавонон, занони сохибкор дода мешавад.

 

Эзоҳ: ба маълумоти довталабон расонида мешавад, ки ҳама гуна идеяҳое, ки мақсади сохтмонӣ доранд, дастгирӣ карда намешаванд;

 Талаботҳо нисбати пешниҳоди хуҷҷатҳои зарурӣ:

Барои иштирок дар озмун, ҳамаи иштирокчиён бояд идеяи худро дар шакли анекта (саволнома)-и фаъолияти сохибкори пешниход намоянд, ки онро метавонанд аз дафтари БҶИИМК шахри Хоруг дастрас намоянд ва е тарики почтаи электрони, паемакхои ичтимои (Viber, WhatsApp)-и дар поен кайдшуда дархост кунанд ва он дар сомонаи мазкур низ дастрас аст:

https://akdngva-my.sharepoint.com/:w:/g/personal/bibimisri_khujanazarova_akdn_org/Efg62MFamFVJmU9zjP8k_i0BNvUza98nwLFexNN4_Ip4hw?e=JQuMOq

 

 Бо илова ба саволнома хуччатхои дигар низ лозиманд :

  • нусхаи шиноснома;
  • хуччати бакайдгиии фаъолияти сохибкори (аз чумла барои сохибкорони мавчуда);
  • дигар ичозатномахои марбута вобаста ба фаъолияти сохибкори;
  • бизнес накшаи муфассал оиди мудохилаи банакшагирифташуда
  • Пешниход кардани тавсиянома аз тарафи маблаггузорон, ки барномаи Шуморо маблаггузори кардаанд 

 

Меъёрҳои баҳодиҳӣ ба дархости довталабони озмун

Алоқаманд будани максади зерлоихаи пешниходшуда аз тарафи довталабон, ки ба талаботи озмун мутобик бошанд,  аз ҷумла:

  1. Саҳмгузории довталабон барои амалишавии зерлоиха. Хиссагузории зиедтари сохибкорон барои итихоби зерлоиха имконияти зиедтар медихад.
  2. Шомил будани занон  ва чавонон дар фаъолиятҳо
  3. Пешниход намудани идеяхои инноватсиони, чори намудани технологияи муосир, фаъолиятхо оиди бехтар кардани дониш ва махоратхо оиди донишхои раками ва г.
  4. Таъсиси ҷойхои нави кори
  5. Дастраси ба бозор
  6. Кафолати пойдории лоиҳа

 

Маблағи зерлоиа бояд бо назардошти сахмгузории худди дар шакли моли хос ва воситахои асоси, пули накд ва маблаги талабкардашуда нишон дода шавад.  Маблаги дархостшаванда дар ҳаҷми то 60 000 Сомонӣ муайян карда шудааст ва аз 20% то 30 % сахмгузории худди дар шакли накди аз ҳаҷми умумии мудохила талаб карда мешавад. Дар сурати камчинии маблаги накди сохибкор метавонад онро дар шакли маблаги карзи нишон дихад ва БЧИИМК барои дастрас кардани карзи имтиезнок тавассути Ташкилоти Карзии Хурди “Рушди Кухисотон” мусоидат хохад кард.

Тартиби қабул кардани хуҷҷатҳо:

Довталабон метавонанд саволномаи пуркардашударо ба дафтари минтақавии БҶИИМК (MSDSP) пешниход кунанд ва е  тарики почати электрони ва паемакхои ичтимои, ки дар зер нишон дода шудаанд рохи кунанд.

Тамосхо барои дархост, пешниходи хуччатхо ва гирифтани маълумоти иловаги:

 БҶИИМК(MSDSP)–и ВМКБ: шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шириншо Шотемур 82 Зоолшоев Асадшо  почтаи электрони: asadsho.zoolshoev@akdn.org, Viber/WhatsApp/Telegrame (+992) 93577 7131

Хуҷҷатҳо то таърихи 3-юми июни соли 2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.

Дархостҳое, ки аз мӯҳлати дар боло кайдшуда  дертар пешниҳод мегарданд, ба инобат гирифта намешаванд. БҶМИИК  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва дар назди иштирокчиёни озмун  ягон ҷавобгарӣ надорад.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Контакты

Ваше объявление отправлено на модерацию, позже оно будет опубликовано на сайте.